Бахшҳо

ТВ “Пойтахт” барномаҳояшро бо формати “HD” пахш мекунад

Телевизиони “Пойтахт”, ки шабакаи шаҳрдории Душанбе аст ба пахши барномаҳо бо формати “HD” шурӯъ мекунад.

Суҳроб Рауфов, директори ТВ “Пойтахт” ба “Озодагон” гуфт, гузариш ба ин формат аз соати 17:00-и аз имрӯз, 17 феврал оғоз мегардад. Ба гуфтаи ӯ, “Пойтахт” бо таҷҳизоти муосири пахши барномаҳо, ки аз Аморати муттаҳидаи Араб оварда шудааст, муҷаҳҳаз гардида, пахши барномаҳо низ зиёд карда мешавад: “Пахши барномаҳо дар як шабонарӯз ба 18 соат расонида мешавад”.

Соли 2012 баъди раҳбари ТВ “Пойтахт” таъин шудани Абдуқодири Абдуқаҳор ин шабака чанд муддат ба пахши 20 соатаи барномаҳо дар шабонарӯз шурӯъ кард. Аммо вақте моҳи феврали соли 2013 ин шабака барои чанд рӯз пахши барномаҳояшро қатъ намуд ва масъулинаш онро ба сабабҳои техникӣ рабт доданд, оқои Абдуқаҳор гуфт, бо машварати корхонаи “Телерадиоком” телевизиони “Пойтахт” аз нав ба пахши 8-соатаи барномаҳо мегузарад.

Аз 6 шабакаи саросарии Тоҷикистон ҳоло танҳо ТВ “Варзиш” бо формати “HD” барнома пахш мекунад. Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳам, ки ахиран аз таъсиси шабакаи телевизионии “Футбол” хабар дод, гуфт, он дар формати “HD” эфир мебарояд.

Баъди ба курсии раиси шаҳри Душанбе нишастани Рустами Эмомалӣ раҳбарии ТВ “Пойтахт” ба уҳдаи Суҳроб Рауфов, директори собиқи “Телевизиони Тоҷикистон” гузошта шуд.
Мӯҳр
Man
Албатта икдоми хеле хуб аст. Факат ки барномахо ба талаби рузгор созгор бошаду саривакти. Ва инчунин дар мохвора хам агар пайдо мешуд бисер хуб мебуд, чаро ки одамон дар дигар чойхо хам бошанд аз холу ахволи Душанбеи азиз бохабар мешуданд. Ташаккур!

Чавон
Аз рохбарияти тв "Пойтахт" хохиш мекунем,ки барномахояшро дар тамоми каламрави мамлакат пахш намоянд, то ки мо шаховандон аз ободшавии пойтахтамон ш.Душанбе бархурдор шавем.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)