Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 21 август 2017, 02:01

Ишораи Назарбоев ба асардуздӣ дар корҳои илмӣ

23 феврал 2017, 11:51

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар мулоқот бо олимон дар бораи ихтироъҳои камхаридори донишмандони кишвараш суҳбат карда, гуфт, дар бештари корҳои илмии онҳо асардуздӣ мушоҳида мешавад.

Президенти Қазоқистон яке аз дастовардҳои кишварашро сохтмони роҳҳо номид. Ба гуфтаи вай, роҳи Чини Ғарбӣ - Аврупои Ҷанубӣ, ки аз ҳудуди Қазоқистон мегузарад, бо сифати хуб сохта шудааст.

Назарбоев ба Вазорати маориф ва илми Қазоқистон дастур дод, ки дар якҷоягӣ бо академия ва донишгоҳҳои ин кишвар корҳои илмии худро ба пойгоҳи раддабандии байналмилалӣ пешниҳод кунанд.

Президенти Қазоқистон афзуд, ки бештари матлабҳои илмӣ бояд бо забони англисӣ навишта шуда, ба пойгоҳҳои иттилоотии ҷаҳонӣ шомил карда шаванд.

Ин мулоқоти Назарбоев дар шаҳри Алмато бахшида ба 70-солагии Академияи илмҳои Қазоқистон баргузор шуда, дар он раҳбарони академияҳои улуми Белорус, Гурҷистон, Украина, Молдова, Русия, Тоҷикистон Ӯзбекистон, Қирғизистон ва иштирок доштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Сангали

  • 23 феврал 2017 17:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Назарбоев вокеан босавод аст ва набзи кишварашро дарк мекунад. Ман ба кормандони сохаи илми чумхури кор надорам вале аник медонам ки номзаду докторхои макомоти имруза дуруг худситои ва дуздиву мехнати зертобеин аст. Аз кучо вакт мейобад ки кори илми кунад. Баьзеашон ба хотири мансаби нолоик хатто росту дуруг шеьрхои чоплусона низ менавиштаги шудан. Катта рахмат. Кайил шидем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!