Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 21 август 2018, 18:26

Путин дар мавриди муҳоҷирони тоҷик: Мо роҳи ҳалро ёфтем

28 феврал 2017, 08:21

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, раисҷумҳурони Тоҷикистону Русия ба масъала афви беш аз 100 ҳазор муҳоҷири тоҷик, ки вурудашон ба Русия манъ шудааст, дахл кардаанд.

“Независимая газета” навишт, масъалаи афви муҳоҷирони тоҷикро дар мулоқоти ду раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар миён гузошт. Владимир Путин гуфтааст, “мо ин масъаларо баррасӣ кардем. Дар умум роҳи ҳалро ёфтем ва бар асоси тавофуқоти бадастомада бо раисиҷумҳури Тоҷикистон кор хоҳем кард”.

Бино ба хабари дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон дар мулоқоти Раҳмону Путин ҷонибҳо қайд кардаанд, ки “ҳамкориҳо дар масъалаҳои такмили механизмҳои ҳуқуқии танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, аз ҷумла оид ба таъмини шароити зарурии иҷтимоӣ барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави якдигар, ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирони меҳнатӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият дар Русия, мубодилаи фаврии иттилоотӣ оид ба масъалаҳои муҳоҷират чораҳои мушаххас андешида хоҳанд шуд”.

Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар нишасти хабарие, ки баъд аз мулоқот бо ҳамтои русаш баргузор шуд, гуфт, масоили муҳоҷирати меҳнатӣ баррасӣ гардидаанд: "Мо изҳори умед менамоем, ки пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби ҳукумати Русия дастгирӣ меёбанд".

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд, марзи як миллионро убур кардааст. Дар чанд соли ахир дар пайи шадид шудани қонунҳои Русия дар бораи муҳоҷирон ҳазорҳо нафар ихроҷ шуданд. Мақомоти Тоҷикистон теъдоди онҳоеро, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоранд, 270 ҳазор мегӯянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бисёр пешниходи нагз хам сахти зиндагии мардум нагз мешавад хам сахти бекорону баъзе конуншиканихо аз чониби чавонон кам мешавад ин хама конуншиканихо хамааш аз сахти бекори мешавад Иншолох ки Дуои мардума мегиред ........Аз ноумеди басо Умед хаст .................
Посух додан
  • Махмадулло

  • 28 феврал 2017 09:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Путинчон илтимос ба мо кумак кунед то дубора Россия рафта кор кунем ва бачаву сангамонро хуронему пушонем вагарна холи мо вазнин меша дар ватан чои кори муносиби расанда нест ва хатто рохи хонамон пулаки. Илтимос .Россия щедрая душа. Огромная Вам спасибо Владимир Владимирович.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шармам меояд падарону модарони мо барои хамин руз ин кадар захмат кашиданд, ки наслхои ояндаашон гурурашонро бишкананд, мухточ ва рози барои ичро кардани корхои паст дар дигар кишвархо бишаванд, гунохашон чи буд?
Посух додан
  • Точики асил

  • 28 феврал 2017 12:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Руссия ягон масьалаи мухочиронро хал нахохад кард, ин як ваьдаи пуч хасту халос. Агар хал кардан мехостанд дар хамин вохури хал мекарданд, лекин Путин гуфт,ки мо ин масьаларо дар хукумати Руссия дида мебароем. Умуман боз хамон фиребу найрангбозии Россия давом дорад, то вакте,ки мо ба евазс дохил нашавем
Посух додан
  • Беном

  • 28 феврал 2017 12:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз гамхории ин хукумат мухочир мешави!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наход масъалаи раками як барои точикон - ин мухочирони мехнати бошад? Наход мардуми точики бечораро хамчун як "гастарбайтер" шиносанду бо ифтихор ин масъаларо бинанд. Шармам меояд, ки боз инро ошкоро ба тамоми чахон эълон мекунанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!