Бахшҳо

ВКД: Милитсия ҷиноятро пинҳон накардааст!

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия гуфтааст, хабарҳо дар бораи ин ки кормандони пулис куштори як сокини Турсунзодаро худкушӣ унвон кардаанд, асос надоранд.

Бино ба иттилои торнамои расмии ин ниҳод, “оиди куштори шаҳрванди ноболиғ, сокини шаҳри Турсунзода И.Н. дар рӯзи 02.02.с.2017 ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин маълум менамояд, ки дар баъзе аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ хабари нодуруст паҳн гашт, ки гӯё ШВКД дар шаҳри Турсунзода ҷинояти мазкурро пинҳон карда, ҳамчун ҳодисаи худкушӣ ба қайд гирифта бошад”.

Манбаъ мегӯяд, аз рӯзи аввали содиршавии ин ҳодиса кормандони пулиси шаҳри Турсунзода онро пайгирӣ намуда, дар якҷоягӣ бо мақомоти додситонӣ дар кушодани ҷиноят иштирок намудаанд: “Кормандони милитсия санҷишро баъди бақайдгирии ҳодиса боз надошта, аз рӯи фарзияҳо корро давом дода, чанд нафар шахсонеро, ки бо марҳум алоқамандӣ доштанд, мавриди коркарди оперативӣ қарор дода, бо бурдани корҳои оперативӣ рӯзи 09.02.с.2017 гумонбарони ин ҷинояти мудҳишро ошкор намуда, ба мақомоти прокуратура пешниҳод карданд”.

Дар идомаи ин хабар омадааст, ки “милитсия ҳеҷ гоҳ ҷиноятеро пинҳон намекунад ва ҳама вақт кӯшиш менамояд, ки мушкилкушо ва ҳамроҳи мардум бошад”.

Ин иттилоия дар ҳоле нашр шуд, ки бархе расонаҳо бо такя ба додситонии шаҳри Турсунзода хабар доданд, коршиноси судии ташхисгоҳи Шӯъбаи корҳои дохилии Турсунзода бар асоси моддаи 351-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон ва ё дидаю дониста хулосаи ғалат додани коршинос ҳангоми таҳқиқи ибтидоӣ, тафтиши пешакӣ ё дар суд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шудааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, дар робита ба қатли ваҳшиёнаи духтари 16-сола ду хонандаи мактаб боздошт шудааст. Онҳо дар куштор ва сӯзондани ҷасади духтар муттаҳам мешаванд. Тафтишот дар ин замина идома дорад.
Мӯҳр
Муҳтарам Вазорати умури дохила. Бинед нашавад фармонша аз моҳи январ бароред гӯед корманди мо нест аз моҳи январ аз вазифа сабукдуш гардидааст. Тамом.....

......диди намеша протоколыш куну чавобаш дех...

Каримов Чиёнхон
Дар хакикат ВКД зур! Хамин, ки ягон кормандаш чиноят содир кард, як мо ё як ду хафта пеш кати фармонша мебароранд,баъд мегуянд, ки ин чанд руз пеш аз кор рафтааст! Барои тасдики гуфтахо конрманди баландрутбаеро, ки ду хафта пеш Коррупсия боздошт карда буд! ОЗОДАГОН хакикатро навиштам, нашр намоед, то ин ки мардум доананд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)