Бахшҳо
10 мар 2017 10:06Тоҷикистон / Тема дня

Шарҳи “Тоҷик Эйр”: Чархи рости ҳавопаймо дар Тароз осеб дид

Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” далели нишасти изтирории ҳавопаймояш дар фурудгоҳи Хуҷандро ба осеби чархи рости ҳавопаймо рабт дод.

Азизулло Хайруллоев, сухангӯи “ТоҷикЭйр” ба “Озодагон” гуфт, чархи рости ҳавопаймои Boeing737 – 300 ҳангоми парвоз аз фурудгоҳи Тарози Қазоқистон осеб дид: “Ҳавопмаймо соати 19:05-и вақти маҳаллӣ аз Хуҷанд ба Тароз парвоз карда, соати 19:50 дар ин шаҳри Қазоқистон фуруд омад. Парвоз аз Тароз 21:05 сурат гирифт. Мушкили техникӣ ҳангоми парвоз дар фазои Қазоқистон ошкор шуд ва сардори ҳайати халабонҳо тасмим гирифт, ки ба фурудгоҳи Хуҷанд баргардад. Соати 24:39 ҳавопаймо дар шаҳри Хуҷанд фуруд омад”.

Ба иттилои Хайруллоев дар ҳавопаймо 140 мусофир, аз ҷумла 7 кӯдак ва 9 узви экипаж қарор доштанд: “Дар пайи ин ҳодиса касе осеб надид ва ҳамаи мусофирон бо меҳмонхона ва ғизои гарм таъмин шуданд”.

Ҳавопаймои мазкур аз шаҳри Хуҷанд ба Маскав парвоз дошта, дар Тароз барои гирифтани сӯзишворӣ фуруд омадааст.
Мӯҳр
Чамик
Салими Аюбзод
Ошкор шуда, ки дар фурудгоҳи Тирози Қазоқистон резини яке аз чархҳо пора шудааст. Пас сабаби асосӣ ба сифати муми парвозгоҳи ин шаҳр бастагӣ дорад. Аммо як пурсиш маро ором намегузорад, ки ЧАРО ҳавопаймоҳои мо БОЯД дар Қазоқистон, Қирғизистон ё Сибири Русия бояд сухт гиранд? Чаро намешавад, чаҳор соатро бе ин кори иловагӣ, ки аксаран сабаби нокомиҳо мешавад, парвоз кард? Касе ба ин суол посух дода метавонад?

Берти
Умар
Соати 24:39 вухахаха

Ин мухбирони мо аз ягон имтихоне мегузашта бошанд ,соати 24-39 писари худиям дида аз хандая суст шуде (садкаи саводатон) чунин соатхои электрони вучуд дошта бошад,,. ?

Durust kaid karded baroi chi hamesha ino suzishvoriashon nest man. In oson nest in kadar odam kati 4 soat parvozu boz kim kujoe digar posadka mekunadu suzishvori megiriftai. Nametarsan ino Чамик,

Сафарали
Эҳтиёт кнен бачаҳакооо шухи накнен бо самолёт!!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)