Бахшҳо
29 мар 2017 10:10Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Паёмадҳои сербарфӣ дар Бадахшон: Сел, тарма роҳбандӣ... (АКС)

Боридани барфи зиёд дар Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон ҳодисаҳои дигари табииро эҷод кардааст. Аз ҷумла бар пайи барфи зиёд шабу рӯзҳои ҳафтаи ахир дар минтақаҳои гуногуни вилоят фаромадани селу тарма боиси баста шудани роҳҳо ва эҷоди мушкилоти дигар барои мардуми ин минтақа шудааст.

Нилуфар Асламшоева, сухангӯи ҳукумати вилоят ба “Озодагон” гуфт, дар робита Шодихон Ҷамшед, раиси ВМКБ ҷаласаи фаврӣ баргузор намуда, “масоили барқароркунии оқибатҳои офатҳои табиии бар асари боришоти рӯзҳои охир дар вилоят рухдода ва пешгирии хатарҳои эҳтимолӣ”-ро мавриди баррасӣ қарор додааст.

Маркази обу ҳавошиносии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки то 8 апрели соли равон боришоти беисти борони омехта бо барф дар назар аст. Дар ҷаласаи фаврии ҳукумати ВМКБ зарурати ташкили навбатдории шабонарӯзӣ дар ҳамаи идораву муассисаҳо ва мақомоти маҳаллии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он зикр шудааст.

Наим Мираков,
сардори Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии вилоят дар ин ҷаласа иттилоъ додааст, ки соати 09:05-и субҳи 28 март бар асари фаромадани сел дар километри 461-уми ҳудуди ҷамоати Водхуди ноҳияи Ванҷ, ки як қисмати шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Қулма-Қароқурум ба ҳисоб меравад, роҳ баста шуда, ҳаракати наҳлиёт муваққатан катъ гардидааст. Гуфта мешавад, ба ин мавзеъ техникаҳои зарурӣ барои тоза кардани роҳ сафарбар шудаанд.

Ҳамчунин дар километри 24-уми роҳи Хоруғ-Ишкошим дар ҳудуди деҳаи Нишуспи ноҳияи Шуғнон тарма роҳи нақлиётгардро бастааст. Тарма инчунин дар километри 8-уми роҳи Хоруғ-Роштқалъа низ дар ҳудуди деҳаи Курцбогени ноҳияи Рошткалъа роҳро бастааст, ки ин роҳро дар фурсати кутоҳ боз кардаанд.

Дар мавзеи Ниводаки шаҳри Хоруғ низ шаби 28 март тарма фаромадааст, ки дар натиҷа ба 6 хона хисорот ворид кардааст. Ба иттилои Ҷумъа Ҷумъаев, муовини аввали раиси шаҳри Хоруғ, истиқоматкунандаҳои хонаҳои зарардида муваққатан дар манзили хешу таборашон ҷойгир шудаанд. Раиси вилоят ба ҳукумати шаҳри Хоруғ дастур додааст, атрофи хонаҳои зарардидаро аз барфу тарма тоза кунад ва ҳамчунин мардумро аз сар задани хатарҳои эҳтимолӣ ҳушдор бидиҳанд, то дар таҳлука наафтанд.

Нилуфар Асламшоева мегӯяд, “дар ҷараёни ҷаласа ҳамчунин ҷиҳати таъмини сокинони водии Бартанги Рӯшон бо маводи озуқавории мавриди ниёзи аввал ва таъмини сокинони деҳоти дурдасти ноҳияи Шуғнон ба хўроки чорво дастур дода шудааст”.

Ӯ афзуд, дар водии Бартанг бар асари лағзиши кӯҳпораҳо роҳҳо баста шудааст, ки барои тоза кардани роҳ Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгарди вилоят масъул карда шудааст.

Шодихон Ҷамшед гуфтааст, бо далели тӯлонӣ омадани зимистони имсола дар деҳоти дурдасти Веру Ванқалъаи ноҳияи Шуғнон камчинии хӯроки чорво ба вуҷуд омадааст. Дар ин замина раиси ВМКБ бо муовини сарвазири кишвар Маҳмадтоҳир Зокирзода ва раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода суҳбати телефонӣ анҷом додааст. Дар ин суҳбати телефони мувофиқа шудааст, ки барои пешгирии талафоти чорво аз навоҳии Ёвону Ҳамадонии вилояти Хатлон ба ВМКБ хӯроки чорво интиқол дода мешавад.

Паёмадҳои сербарфӣ дар Бадахшон: Сел, тарма роҳбандӣ... (АКС)

Паёмадҳои сербарфӣ дар Бадахшон: Сел, тарма роҳбандӣ... (АКС)
Мӯҳр
Озодагон, "баркароркунии офатхои табии" чи маъни дорад. Ба забони точики нависед.

Darvesh
Kani u kumakhoi jumhurii hamsoya UZBEKISTON ????? Ba khonai ki raft???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)