Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 09:35

Рустами Эмомалӣ вакили шаҳри Душанбе шуд

3 апрел 2017, 12:40

Рустами Эмомалӣ, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Душанбе бо касби наздик ба 85 дарсад раъй барандаи интихоботи миёндаврии Маҷлиси вакилони пойтахт шуд.

Бино ба иттилои Абдулло Холиқов, раиси комиссияи интихоботии шаҳри Душанбе, ба тарафдории Рӯстами Эмомалӣ дар ҳавзаи №25
84,80 дарсади интихобкунандаҳо овоз додаанд. Ҳикматулло Саидиён, аз ҳизби демократӣ 2,63 ва Фазлиддин Икромов, аз ҳизби аграрӣ 7,81 дарсад раъй гирифтаанд.

Рустами Эмомалӣ дар ҳавзаи №25 ба курсии Маҳмадсаид Убайдуллоев, собиқ раиси шаҳри Душанбе мешинад, ки ваколаташ рӯзи 7 феврал дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони пойтахт пеш аз муҳлат қатъ гардид.

Дар ҳавзаи №62 бошад, Маҳмадсаид Зувайдзода, намояндаи ҳизби халқӣ-демократӣ бо 75,11 дарсад раъй ғолиб шудааст. Ба ҷонибдории Маъсума Алиева, намояндагони ҳизби аграрӣ 11,6 ва Фазила Файзуллобекова аз ҳизби коммунист 8,78 дарсад раъй додаанд.

Рустами Эмомалӣ 12 январ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, иҷрокунандаи раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рустами Эмомалӣ вакили шаҳри Душанбе шуд. Озодагон, дуруг навишти. Уро вакил карданд.......... Дар кадом вохури бо интихобкунандагон у иштирок дошт?????????????
Посух додан
  • Dilik

  • 5 апрел 2017 15:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ябора 100% медоден. Чияй 85%.

Посух додан
  • Саргардон

  • 5 апрел 2017 20:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рости гап барномахои пеш аз интихоботии хамино дар кучо бошан ки бгирем бхонем ку чи кор мекарда бошан?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!