Зимни як амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Панҷакент Нуралӣ Бердиқулови 39 сола бо ҷурми порахӯрӣ боздошт гардидааст.
Тавре ба «Озодагон» аз ВКД хабар доданд, ӯ сокини ҷамоати Саразм, деҳаи Ҳавзак, муҳандис-заминсози ҷамоати Саразм буда, рӯзи 9-уми декабари соли равон барои ҷудо намудани 0,10 сотих қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои обии деҳаи Ҳавзак аз шаҳрванд Элмурод Ҳокимов маблағи пулӣ дар ҳаҷми 3000 доллари ИМА талаб намудааст ва аз ӯ ҳамчун пешпардохт 30.000 рубли русӣ гирифтааст.
Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр