Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 09:37

Ҳамдардии Э.Раҳмон ба Сиси ва мардуми Миср

10 апрел 2017, 14:42

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба ду калисои қитбӣ дар Мисрро маҳкум кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқияи тасаллият ба унвонии ҳамтои мисрияш Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси изҳор доштааст, ки “хабари ҳамлаҳои ғайринсонии интиҳориён ба ду калисои ҷомеи қибтиҳо дар кишвари дӯсти Миср, ки бар асари онҳо даҳҳо мардуми осоишта ба ҳалокат расида, ҷароҳати вазнин бардоштанд, боиси андӯҳ ва нафрати беандозаи ин ҷониб гардид”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, мо ин амалҳои маргталабонаро бо нигаронии шадид маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамоем.

Раисҷумҳури Тоҷикистон, ҳамдардиву тасаллияти амиқи хешро ба наздикону пайвандони фавтидагони тамоми мардуми Миср изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил орзу кардааст.

Ҳамлаи афроди мусаллаҳ ба ду калисои қитбӣ дар Ҷумҳурии Арабии Миср якшанбеи 9-уми апрел ба вуқуъ омад, ки дар натиҷа 44 нафар ҳалоқ ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо созмони террористии ба ном "Давлати исломӣ" ба дӯш гирифтааст. Ҳамчунин дар пайи ин ҳамлаҳо Абдулфаттоҳ Халил ас-Сиси, раисҷумҳури ин кишвар, барои се моҳ вазъияти фавқулодда эълон кардааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар ин аз рӯи дину оини ислом аст, худро байни бандагони бегуноҳи Худо (Ҷ) тарконда, даҳҳо нафари дигарро куштан? Чаро дар ин бора дар масоҷиди кишвар уламо ҳарфе намезананд. Ин бори аввал нест, ки салафиҳои ифротӣ дохили калисои насрониҳои Миср ва масоҷиди шиаҳо даромада, худро метарконанд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!