Бахшҳо

Насиҳати Р.Эмомалӣ ба ронандаҳои автобусҳои 90 000 $-ӣ

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни қабули автобусҳои нав ронандаҳоро ба муомилаи хуб бо мусофирон ва эҳтиёти воситаҳои нақлиёт даъват намудааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ 12 март дар Корхонаи воҳиди давлатии "Автобус-1" зимни қабули автобусҳои нав бо ронандагон суҳбат кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи ронандагонро ба баланд бардоштани маданияти хизматрасонӣ, дар ҳолати хуби техникӣ нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, истифодаи оқилонаи воситаи техникӣ, ҷорӣ намудани сару либоси ягона барои ронандагон, риояи аломатҳои роҳу ҳаракат ва бахусус нигоҳ доштани воситаҳои нақлиёт дар истгоҳҳои муайяншуда, ҷалб кардааст.

Ба иттлои манбаъ, шаҳрдори Душанбе ба масъулини назорати ҳаракат дар роҳҳо дастур додаааст, ки ҳаракати бехатари воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, бахусус автобусу троллейбусҳоро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳанд ва ба қоидавайронкунӣ дар хатсайрҳо ва танбашавии нақлиёт роҳ надиҳанд.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ арзиши як адад автобуси тамғаи «Isuzu»-ро тақрибан 90 ҳазор доллари амрикоӣ гуфта, барои қиёс илова намудааст, ки нархи як адад автубуси ширкати ЛиАЗ-и истеҳсоли Русия , ки имрӯз дар хатсайрҳои шаҳри Душанбе фаъолият мекунанд, 126 ҳазор доллар мебошад: “Бо ба кор оғоз кардани автобусҳои нав дар хатсайрҳои пойтахт мушкилоти мусофиркашонӣ дар шаҳри Душанбе ҳалли худро пайдо хоҳад кард, зеро 10 адад микроавтобусҳо агар майдони 325 метри мураббаъро ишғол кунанд, пас як адад автобуси тамғаи «Isuzu» танҳо масоҳати 72 метри мураббаъро фаро мегирад”.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз 40 адад автобусҳои нави мусофиркашонии тамғаи «Isuzu» барои хизматрасонӣ ба мусофирон вориди Душанбе шуда, боз 24 адади дигари онҳо ояндаи наздик ба пойтахт интиқол дода мешаванд. Автобусҳои нав дорои 26 ҷои нишаст буда, имкони ғунҷондани 70 мусофирро доранд.

Манбаъ афзӯд, дохили автобус бо камераҳои мушоҳидавӣ ва таблоҳои электронӣ, таҷҳизоти гармидеҳ ва сардкунанда муҷаҳаз мебошад: “Ба мусофирон шароити хуби хизматрасонӣ муҳайё гардида, барои ашхоси дорои имкониятҳои маҳдуд, бахусус маъюбон барои ворид шудан бо аробачаҳои маъюбӣ шароит фароҳам оварда шудааст”.

Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ мегӯяд, автобусҳои нав пас аз муоинаи техникӣ ва ташхиси ҳамаҷониба рӯзи 15-уми апрел дар хатсайрҳои кӯчаи ба номи Рӯдакӣ ба фаъолият шуруъ мекунанд ва рӯзи аввали фаъолият ба мусофирон ба таври ройгон хизмат мерасонанд. Ба иттилои манбаъ, пардохти роҳкиро дар нақлиёти ҷадид ба мисли пештара сурат гирифта, дар муддати 1,5-2 моҳи оянда дар нақлиёти мусофирбари пойтахт низоми нави пардохти роҳкиро ба воситаи кортҳои электронӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳоло дар ҳудуди пойтахт 250 адад автобусу троллейбусҳо ва ду ҳазор микроавтобусҳои бахши хусусӣ ба мусофирон хизмат мерасонанд.
Мӯҳр
Пешниҳод мекунам. Рустам либосҳои оддиро пӯшида, дар чашм айнаки сиёҳ, худаш дар автобусҳову троллейбусҳои шаҳр сафар кунад. Як нафар муҳофиз дошта бошад бас. Махсусан, дар хатсайри автобуси рақами 8 (фурудгоҳ- Зарафшон). Сипас мебинад, ки аҳвол чӣ хел аст. Бояд қайд кунам, ки дар замонҳои қадим шоҳон ҳамин хел карда, сайру гашт мекарданд. Махсусан, халифа Ҳорун ар Рашид.

в
Хайфи автобусхо. Дар ду мох пассажирхои "ботартиби" мо дабдалаашонро мебароранд.

Черти
Барои ронандаи ин автобус шудан чи кадар доля бояд бдихи.

Рости аҳ бовар надорам ки шаҳр батартиб шавад барои он ки ронандагону кондукторон сатҳи пасти фарҳанги доранд ва куҷои хоҳанд медоранд таги чароғаку боша ё ҷойҳои хатарноку...
аввал бояд назоратро бояд саахт қапид.бад дигарҳояшро

Юсуф,
Ёфти акнун Хорунатро. Мо дар асри кадим зиндаги надорем. Точикистон -
чумхури аст ва худи ту низ барои ободии ин давлат масъул хасти, мухтарам Юсуф!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)