Бахшҳо

Бонки Миллӣ дар бораи 11 сабаби ҷаҳиши $ ва 208 парванда

Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, шахсият ва макони нафаронеро, ки ғайриқонунӣ ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд машғул шуданд, муайян карда, ба Прокуратураи генералии кишвар пешниҳод кардааст.

Тибқи иттилои Бонки Миллӣ бар асоси маводи пешниҳодкардаашон додситонии кул ва мақомоти он дар маҳалҳо нисбат ба 208 нафар, аз ҷумла нисбати 159 нафар парвандаи маъмурӣ ва 49 нафар парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ кардааст.

Манбаъ афзуд, ки бонкҳои кишвар низ қоидаҳои мубодилаи асъори хориҷиро нақз кардаанд: “Аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст”.

Дар идома Бонки миллии Тоҷикистон сабабҳои асосии коҳишёбии қурби сомонӣ ва болоравии арзиши долларро баррасӣ карда, онро ба омилҳои зерини берунӣ ва дохилӣ рабт додаст:

1. Ноустувор боқӣ мондани вазъи геосиёсӣ ва ҳолати иқтисодию молиявӣ дар кишварҳои шарикони асосии тиҷоратӣ;
2. Баланд шудани арзиши доллари ИМА вобаста ба сиёсати пулию қарзии Бонки Марказии Амрико;
3. Паст будани арзиши молҳои асосии содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Омилҳои дохилӣ:
1. Ба таври назаррас афзудани ҳаҷми пул дар солҳои охир, аз ҷумла, дар натиҷаи зиёдшавии маблағгузории барномаҳои муҳими давлатӣ, дастгирии бонкҳои ба мушкилӣ дучоргардида ва хариди тилло барои зиёд кардани захираҳои байналмилалӣ;
2. Ба маротиб кам шудани ҷалби маблағҳо бо асъори хориҷӣ аз ҳисоби ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва дигар донорҳо;
3. Афзудани фаъолияти истеҳсолӣ, тиҷоратӣ, ҳаҷми савдо ва баландшавии қобилияти харидории аҳолӣ бо дарназардошти афзоиши ҳаҷми интиқолҳо бо рубли русӣ ва баландшавии қурби он дар ин давра;
4. Зарурияти мавсимии азнавбарқароркунии захираҳои молу маводҳои воридотӣ;
5. Афзоиши ҳаҷми умумии маблағҳои пулӣ бо асъори хориҷӣ барои таъмини уҳдадориҳои қарзи беруна ва маблағгузории сохтмони иншоотҳои муҳими давлатӣ;
6. Камшавии вуруди асъори хориҷӣ ва ба таври назаррас кам шудани ҳиссаи доллари ИМА дар ҳаҷми умумии онҳо;
7. Зиёд шудани талаботи ташкилотҳои қарзӣ ба доллари ИМА-и нақд барои бозпас гардонидани амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ;
8. Барҳам хурдани ду ташкилоти қарзӣ, ба мушкилиҳои пардохтпазирӣ дучор гардидани ду бонки низомсоз, коҳиш ёфтани сатҳи эътимоду боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ ва чун натиҷа, кам шудани пешниҳоди асъори хориҷии нақд ба амонату пасандозҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ.

Дар мавриди он ки Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини устувории қурби пули миллӣ чӣ корҳоро анҷом дода истодааст, масъулини ин ниҳод номбар карданд:

1. Меъёри бозтамвил 3,5 банди фоизӣ то ба 16 фоизи солона баланд бардошта шудааст;
2. Бо мақсади безарар (стерилизатсия) кардани эмиссия барориши коғазҳои қиматнок ба маблағи 2,4 млрд. сомонӣ анҷом дода шудааст. Амалиёти мазкур ҳаҷми пули дар муомилотбударо кам карда, аз ҳисоби хароҷотҳои Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;
3. Анҷом додани мудохилаҳои асъорӣ дар бозори байнибонкӣ;
4. Фаъолияти муассисаҳои ташкилотҳои қарзие, ки ба анҷомдиҳии амалиётҳои мубодилавӣ ва интиқолӣ машғуланд, аз ҷониби гурӯҳҳои кории доимамалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он ҳамарӯза зери назорат қарор дошта, нисбати ҳар як ҳодисаи риоя нашудани тартиби анҷомдиҳии ин амалиётҳо чораҳои фаврии таъсиррасонӣ андешида мешаванд.
Дар ҳамин давра аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳаз. сомонӣ ҷарима ситонида, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст;
6. Ба ташкилотҳои қарзӣ оид ба ташкили кори муназзам ва босамари муассисаҳои бонкие, ки ба хариду фурӯши асъори нақди хориҷӣ ва интиқоли маблағҳои пулӣ машғуланд, бахусус, дар рӯзҳои истироҳату ид, таъмини онҳо бо пули нақди миллӣ ва асъори нақди хориҷӣ, кушодани марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавии шабонарӯзӣ дар марказҳои савдо ва меҳмонхонаҳо, дастур дода шудааст;
7. Бо мақсади ҳалли мушкилоти мавҷуд будани норасоии пешниҳоди асъори хориҷӣ дар ташкилотҳои қарзӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омода кардани нақшаи мушаххаси муҳлатҳои дарёфту пардохти асъори хориҷӣ барои мизоҷон – воридотчиёни молу маводи талаботи аввалиндараҷа супориш дода шудааст;
8. Бо мақсади пешгирии овозаҳо Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза оид ба вазъи бозори дохилии асъор, қурби пули миллӣ ва чораҳои таъмини суботу устувории онҳо тавассути воситаҳои ахбори омма, бахусус, телевизион ва сомонаи худ, ба аҳолӣ иттилои саривақтӣ ва пурра пешниҳод менамояд. Бонки миллии Тоҷикистон бо дарназардошти вазъи имрӯзаи низоми бонкӣ, бозори дохилии асъор амалӣ кардани чораҳои зарурии таъмини фаъолияти босуботи онҳо ва устувории қурби пули миллиро давом хоҳад дод.
Мӯҳр
Беном
Хамааш бепойда бонкдорон нарххои бозор аз пушти бизнеси шумо ба боло рафт.

аҷиб, 3 сабаби паст рафтани қурби пули сомониро дар берун аз Тоҷикистон нишон медиҳанд ))... маъниаш: Ба ҳамааш дигарон гунаҳкор, мо - фариштаҳо фақат дар фикри ободинию созандагии ватан)).

Гастербой
Сабаб танхо 1-то: кам шудани интиколи пул аз тарафи мухочирон. Иктисодиети Точикистон хамин мухочирон хастанд.

Сабаб якто - кадрхои баландихтисос ва ватандусту боинсофро аз кор берун намекардед. Акнун мардуми камбагал умрашро сарф карда, як сумашро ду сум карда буд, маслихатчи пайдо кардеду онро хам гирифтед. Хам мардум аз шумо норози, хам киммати онхое, ки умре ватан сохтанд, дар сари пириашон аз эътимоди мардум дур кардед. Дуст гуяд таварвор, душман гуяд шакарвор.

То вакте, ки махдудиятхои чори намудаи Бонки мили, хусусан конуни чинояти ва ба сомони пешниход намудани рубли руси бардошта нашавад курби асъор муътадил намешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)