Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июл 2017, 01:41

Пирӯзии “Истиқлол” бар “Олой”-и Қирғизистон

19 апрел 2017, 09:00

Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе дар бозии даври сеюми марҳилаи гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017 тими “Олой”, қаҳрамони футболи Қирғизистонро шикаст дод.

Ин бозӣ шоми дирӯз, 18 апрел дар варзишгоҳи марказии Душанбе бо ҳисоби 3:1 ба поён расид. Голи нахустини бозиро Нуриддин Давронов дар дақиқаи иловагии қисми аввал тариқи пеналтӣ ба ҳадаф расонд. Голи дуввуми “Истиқлол”-ро Девид Мавутор ва голи сеюмро Дилшод Восиев вориди дарвозаи ҳариф сохтанд. Ягона голи ҷониби Қирғизистонро Алия Силла дар дақиқаи 59 ба ҳадаф расонд.

Баъди натиҷагирии даври сеюми мусобиқа дар гуруҳи “D” “Истиқлол” бо 7 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад. “Олтин Асир” низ бо 7 имтиёз дар зинаи дуюм, “Дордой” бо се имтиёз дар зинаи сеюм ва “Олой” бидуни имтиёз дар мақоми охир аст.

Дастпарварони Муҳсин Муҳаммадиев дар доираи бозиҳои марҳалаи гуруҳии Ҷоми КФО-2017, 3 май бо “Олой” дар шаҳри Ош ва 17 май бо “Дордой” дар Бишкек қувва меозмоянд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!