Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 23 август 2017, 05:40

Пешниҳоди вакил: Журналистон ҳам даромади худро эълом кунанд

19 апрел 2017, 16:16

Оқилбек Ҷаъфаров, вакили парлумони Қирғизистон пешниҳод кардааст, рӯзноманигорон ҳам муваззаф шаванд, то дар бораи даромадҳои худ гузориш бидиҳанд.

Ин пешниҳоди узви ҷиноҳи “Бир Бол” имрӯз дар ҷаласаи парлумони Қирғизистон ҳангоми баррасии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ВАО” садо дод.

Ҷаъфаров гуфт, сармуҳаррирони баъзеи нашрияҳо, ки бо теъдоди камтар аз ҳазор нусха чоп мешаванд, дар хонаҳои боҳашамат зиста, мошинҳои гаронарзиш савор мешаванд. Ба гуфтаи вакил, ин чиз метавонад далели тиҷорати пинҳони онҳо бошад.

“Ҳар касе ки хабаррасонӣ ба сокинонро тавассути ВАО барои худ шуғл ва манбаи даромад қарор додааст, бояд дар бораи охирин дирҳамаш дар назди мардум ҳисобот диҳад. Агар инҳоро ором накунем, навиштани туҳмату овозаҳо ва ба таҳлука андохтани мардумро идома дода, сарват ба даст меоранду дигаронро масхара хоҳанд кард”, - афзуд вакил.

Оқилбек Ҷаъфаров бархе аз рӯзноманигоронро барои тамаъҷӯияшон аз мансабдорон интиқод карда, гуфт, агар касе пул надиҳад, дар борааш матолиби манфӣ хоҳанд навишт. Вай пешниҳод кард, ки барои боло бурдани масъулияти рӯзноманигорон ба кодексҳои маъмурию ҷиноии Қирғизистон тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шавад.

Кодекси ахлоқи рӯзноманигор дар Қирғизистон соли 2007 қабул шуда, соли 2009 ба он тағйиру иловаҳо ворид гашт. Бар пояи он, рӯзноманигор ҳақ надорад, ки аз касе пул гирад ё матлаби фармоишӣ нависад. Матлабҳое, ки дар ивази маблағ навишта мешаванд, бояд ҳамчун реклама қайд шаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Чавон

  • 19 апрел 2017 21:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Озодагони азизам, албатта, барои иттилоот ташаккур. Вале ин иттилоъро бехтараш нашр намекарди! Акнун вакилхои мо хам хатман тачрибаи киргизхоро аз худ мекунанд. Вой бар холи журналистони точик. Баъди андаке вакт аз идораи андоз боз супориши нав... Бояд тамоми каламкашони чумхури аз даромади худ хисобот диханд. Ба хама маълум, ки аслан рузноманигорони точик гайр аз кулбаи вайронаи аз волидайн меросмонда хеч чиз надоранд ва ё дар ичора зиндаги доранд. Хандаовар, вале хатман хамин хел мешавад... Бечора журналист дар Киргизистон хам кадр надоштааст, ман гумон мекардам, ки факат дар Точикистон.
Посух додан
  • Оро

  • 20 апрел 2017 16:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бехтарин пешниход, ин на ба он журналистони ичорашину бечора, балки зарба ба онхоест, ки вокеан хам номи каламкашро догдор кардаанд. мин чумла ба ин катор рохбарони нашрияхо шомиланд, ки дар анча соли рохбари сохиби ину он мешаванд. Боз хаёл мекунанд, ки ин хама аз назари дигарон пинхон мемонад

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!