Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 25 июн 2017, 20:38

ВКД: Як мушти сокини масти ноҳияи А.Ҷомӣ сабаби ҳалокати сокини пойтахт шудааст

20 апрел 2017, 08:55

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти сокини 44- солаи ноҳияи Абдурраҳмони Ҷомӣ бо иттиҳоми куштори як сокини пойтахт хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, гумонбаршуда 18 апрели соли равон, тахминан соатҳои 22 ба 23:00-и шаб, дар назди тарабхонаи “Коинот”, воқеъ дар кӯчаи Сомониёни маркази ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳолати мастӣ бо марди 43-солаи сокини шаҳри Душанбе муноқиша намуда, карда, ба қисмати рӯи ӯ як мушт мезанад: “Дар пайи зарба, ҷабрдида бо сараш ба санги бетонӣ зада, аз ҷароҳати бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.

Вазорат мегӯяд, аз рӯи далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Айва

  • 20 апрел 2017 10:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Майнуши,нашъаманди,герчики,танфуруши,бехон
аги,бекоргарди,рафтани садхо тобути чавонони бегунох ба Ватан,камбизоати,порахури,поймолкунии хукуки шахрвандон ва гайра ин рохи пешгирифтаи давлати демократии хукукбунйоди дунйави.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!