Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 03:44

Шӯрои уламо: Порадиҳанда гунаҳкор нест, агар...

25 апрел 2017, 10:11

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон аз қавли Расули Худо фатво додааст, ки лаънати Худо бар касоне, ки барои судури ҳукме ришва мегиранд ва ришва медиҳанд.

Ин ниҳод дар посух ба суоли як корбари сомонааш, ки агар порадиҳанда илоҷи дигаре надошта бошад, изҳор доштааст: “Агар шахсе барои дарёфти ҳаққи худ бидуни додани ришва имкон пайдо накунад ва хавфи аз даст рафтани ҳаққаш аз эҳтимол дур набошад, дар ин сурат танҳо ришвагиранда муртакиби гуноҳ мешавад”.

Шӯрои уламо бо такя ба ояти 188-уми сураи “Бақара” таъкид намудааст, ки пора гирифтан ва пора додан аз назари шариат дуруст нест, зеро Худованд мефармояд: “Амволи якдигарро ба ноҳақ махӯред”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • хакикат

  • 25 апрел 2017 16:11
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хайр ингуна бошад, муаллим хам дар аудиторияхои хунук дарс мегуяд бо маоши кам ва чун талабахоро дарс медихад, пас аз онхо нохак гирифтани зиндагипули ришва нест. Нохак пул намегирад, ба чойи он саломатиашро аз даст медихад. Ним аз муаллимон чи асабашон суст шудааст чи шишхояшон, ки сахт месулфанд.
Посух додан
  • хова

  • 26 апрел 2017 10:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
а бача и х,амаи ба пора х,оч,и шидагиёра сафед карден,ку...вАллох,и мо омиё ягон чиза нафах,мидем...
Посух додан
  • Саломатшо

  • 26 апрел 2017 14:52
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар қавли Расули Худо (с.а.с.) "Лаънати Худо бар касоне, ки барои судури ҳукме ришва мегиранд", бошад пас вой бар холи баъзе аз судяхои мо аз поён то боло, ки дидаву дониста конунро зери по мекунанду, сафедро сиёх гуфта ришва мегиранд !!! Насибашон намекунад, дар ин шакке нест !!!
Посух додан
  • мо

  • 27 апрел 2017 07:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
максади ш.у ьа фикрум донишчуе ки имкон надорад, тухматшудае ки имкон надоиард йо коргар ки аз кораш намонад ва г .Худо мову шумора ва уламора хидоят куна омин.Зеро ба фикрум да ин хам гунохаст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!