Тавре Шавкат Сайидов, ёвари райиси ММ МО ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, зимни нишаст Убайдуллоев саҳми ҷаноби Мурро ҳамчун сафир дар рушди ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама дар самти тақвияти муносибатҳои байнипарламентӣ миёни парлумони ҶТ ва парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ нек арзёбӣ намуда, зикр сохт, ки дар ин муддат нахустин сафари ҳайати бонуфзуи парламентии кишвар дар моҳи ноябри соли 2010 бо сарварии райиси Маҷлиси миллӣ ба он кишварҳо сурат гирифт, ки он собитгари таҳкимёбии ҳамкориҳо ва фаъолияти пурсамари сафир мебошад.
Манбаъ афзуд, Тревор Мур зимни мулоқот таъкид дошт, ки дар асоси пешниҳоди Тоҷикистон ва сафари анҷомдодаи райиси Маҷлиси миллӣ ба Лондон ҳукумати Британияи Кабир баррасии Созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ-техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, худдорӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармояро дар аввали соли 2012 тарҳрезӣ хоҳад кард.
Ҳамзамон, ҷонибҳо бо пешниҳоди Маҳмадсаид Убайдуллоев бо назардошти ҷаҳонишавии мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар асоси ин раванд ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар бештар маврид поймол гардида, арзиши олӣ доштани мафҳуми инсон коста мегардад, масъалаи таҷдиди назар намудани Конвенсияҳои мавҷуда оид ба танзимдарорӣ ва ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиронро дар сатҳи институтҳои байналмилалӣ ҳамчун талаби давр арзёбӣ карданд. Тревор Мур афзуд, ки бо истифода аз имконот фаъолияти минбаъдаашро дар ҳамкорӣ бо институтҳои парламентии Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар ҳалли казияи мазкур сафарбар хоҳад намуд.
Мӯҳр« Апрел 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 |