Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 11:38

32671 сомонию 89 дирам. Арзиши ҳаҷ барои зоирони тоҷик

17 май 2017, 17:09

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон нархи хизматрасониҳоро барои мавсими Ҳаҷ-2017 муайян кардааст.

Афшини Муқим, як масъули ин ниҳод имрӯз, 17 май ба “Озодагон” гуфт, арзиши хизматрасниҳо дар мавсими Ҳаҷ-2017 дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар 32 ҳазору 671 сомонию 89 дирамро ташкил медиҳад. Ба иттилои ӯ, ин маблағ барои пардохти “чиптаи ҳавопаймо (рафту баргашт), будубош дар меҳмонхонаҳои Маккаи мукаррама дар масофаи то 1 км аз Масҷид-ул-ҳаром, иқомат дар утоқҳои дорои 4-6 рахти хоб, иқомат дар меҳмонхонаҳои марказии Мадинаи мунаввара ва дорои 4 рахти хоб, таъмини ҳоҷиён бо се вақт хӯроки муайян дар Макка ва Мадина, таъмини ҳоҷиён бо хурок дар мавзеъҳои Мино, Арафот ва Муздалифа, таъмини роҳбаладони соҳибтаҷриба ва забондон барои ҳар як гурӯҳ дар тӯли сафари ҳаҷ, иқомат дар Мино дар зери хаймаҳои муҷаҳҳаз бо ҷиҳози сардидиҳанда, анҷом додани қурбонии ҳоҷиён, таъмини ҳоҷиён бо кӯрпаҳои тунук, кӯрпача ва болишт дар Мино, таъмини нақлиёт барои интиқоли ҳоҷиён: Ҷидда–Макка–Мино–Арафот–Муздалифа –Мино–Макка–Мадина, пардохти маблағи ширкатҳои хизматрасон дар Арабистони Саудӣ, ташкили нуқтаҳои тиббӣ дар Макка ва Мадина ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба ҳоҷиён, таъмини ҳоҷиён бо бейҷикҳо, маълумотномаҳо ва китобчаҳо доир ба ҳаҷ, таъмини ҳоҷиён бо 5 литр оби Замзам аснои бозгашт ба Ватан, таъмини ҳоҷиён бо ҷузвдонҳои калону хурд, пардохти маблағи авоид (боҷи шоҳӣ)” дар назар дошта шудааст.

Ҷаноби Муқим афзуд, бо арзиши имрӯзаи доллар нарх қариб, ки тағйир наёфтааст: “Гузашта аз ин, имсол Арабистон қимати боҷи шоҳиро 52 доллар боло бурд”.

Ба таъкиди вай, зоирини тоҷик метавонанд маблағи зикршударо аз тариқи БДА ҶТ “Амонатбонк” ва намояндагиҳои он дар шаҳру ноҳияҳои кишвар пардохт намоянд.

Соли 2015 нархи хизматрасониҳо барои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам ва соли 2016 -- 28 ҳазору 649 сомонию 10 дирамро ташкил медод.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Наблюдатель

  • 17 май 2017 17:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин курси 100$ = 1000 сомон хисоб кардиян ку?

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!