Бахшҳо

ВКД: Донишҷӯёни “Тойота камри”-савор писарони мансабдору сарватмандонанд

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон чанд ҳолати бо мошинҳои гаронарзиш ба донишгоҳ рафтани донишҷӯёнро ошкор кардааст. Ин ниҳод мегӯяд, донишҷӯёни мошинсавор писарони мансабдорон ва сарватмандон ҳастанд.

Вазорат дар як гузориши телевизионӣ донишҷӯён ва мошинҳои шахсии онҳоро намоиш дод, аммо исми волидони онҳоро эълон накард. Аз ҷумла Акбарҷон Орипов ва Азиз Достиев, ки донишҷӯи Донишгоҳи миллӣ будаанд ва бо “Тойота камри” ба донишгоҳ омадаанд. Ба иттилои ВКД нисбати фарзандони мансабдорон барои ин амалашон протоколи маъмурӣ тартиб дода шудааст.

Гузоришҳо дар бораи ошкор шудани донишҷӯёни мошинсавор баъди он нашр мешавад, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз риоя нашудани қонунҳои “танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” ва “масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” изҳори нигаронӣ кард. Ӯ 13 май дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон гуфт, “ман супориши қатъӣ додам, ки мансабдорон ва хизматчиёни давлатие, ки муқаррароти қонунро риоя намекунанд ё фарзандонашон ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, аз ҷумла ба муассисаҳои таълимӣ бо мошини шахсӣ мераванд ё қоидаҳои ҳаракатро дар роҳҳо вайрон менамоянд, аз вазифа озод карда мешаванд”. Раисиҷумҳур таъкид намуд, “аллакай чанд нафар сабукдӯш карда шуд ва таъкид менамоям, ки назорат дар ин самт минбаъд низ ҷиддӣ мешавад”.

Акс аз гузориши телевизионӣ
Мӯҳр
Хайрат
О чи хел??? Боз хамон фарзандони мансабдорону пулдорон? О вай афсонаи хакли точик ба номи Маркази миллии тести чи шуд???
Гуё, ки тибки афсонахои ин Маркази миллии тести танхо ва танхо дар асоси донишу савод мегузаранд.
Ин боз хамон афсонаи кухна ку???
Масъулони Вазорати маориф ва Маркази миллии тести хамон сафсатахо ба ки лозим буд ва ба чашми ки хок мепошед, агар донишчуёни факултаи хукукшиноси сирф фарзандони мансабдрону пулмастон бошад.

О у писари камбагали бечора шаб то сахар дар фикри рохкиорхаш аст аз кучо бо мошини гарон арзиш ба дарс меравад хар хафта халтаи пур аз туша аз хонаашон равон мекунад хамуна хам то охири мох эканом карда мехурад аз кучо тойёта кемри ё корола .албата ки хама писарони сарватмандон хастан лекин чора то хануз дидаги нестен и намебинанд аз руи мушохидахо .........

Маркази миллии тестӣ ҳарчӣ ҳам бошад дар ин рӯзҳо вазифаашро бояду шояд ба иҷро расонида истодааст. Вале ба сохторҳои танобкаш месазад як бор аз вазият дар Маркази "Дурахшандагон" шиносоӣ пайдо намоянд.

Шахбоз
назар,
Марказии милли тести аз ягон вазифаш набромадесай. Хунар дошта бошад як бор пахши мустаким дар ТВ баргузор намоянд, ва ба саволи мардум чавоб гуянд. Як дошничу бо зиёда аз 400 бал ба донишгохи тибби дохил шуда натонист ба колеч дохил шуд, донишчуи дигари бошад бо 350 бал ба донишгохи тибби дохил шуд , сабабаш коэффитсенти нохияи дурдаст доштанаш будааст. МАРХАМАТ ХУД КАЗОВАТ КУНЕД. Чунин проблемахо бисёранд дар маркази милли тести

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)