Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 май 2019, 10:02

Нахустин намоиши аксҳои Наврӯз Саидов дар Душанбе (ВИДЕО)

25 май 2017, 18:20

Дар шаҳри Душанбе намоиши аксҳои Наврӯз Саидов бо номи “Саёраи сабз” баргузор шуд.

Ин намоиш дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба Рӯзи байналмилалии гуногунии биологӣ ва Рӯзи умумиҷаҳонии ҳифзи муҳити зист бахшида шуда, то 7 июн идома хоҳад кард.

Таблиғи нигоҳдории гуногунии биологӣ ва экологӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии мардум, ҷалби ҷомеа ба масоили гуногуни экологӣ, ҳифзи муҳити зист ҳадафи асосии намоиш унвон мешавад.

Наврӯз Саидов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, қариб дар ҳама мавзӯъ акс дорад, вале ин ҷо танҳо аксҳоеро интихоб кард, ки марбут ба табиат ва зебогиҳои он мебошанд: “Аксҳоро панҷ маротиба интихоб кардам. Бори аввал 1,5 ҳазор, бори дуввум 800 то билохира бо кумаки дӯстон беш аз 90 аксро барои намоиш интихоб намудем”.

Наврӯз Саидов чандин сол аст ки ба ҳайси наворбардори синамо ва телевизион фаъолият дорад. Дар баробари ин аккосӣ мекунад ва “Сайёраи сабз” нахустин намоиши аксҳои ӯ буд.





Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!