Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:07

Табиб: Киҳо бояд рӯза нагиранд?

26 май 2017, 11:19

Шоимгул Сабурова, табиби Маркази саломатии шаҳрӣ тариқи хабаргузории давлатии “Ховар” гуруҳи афродеро номбар кардааст, ки барояшон аз нуқтаи назари ин табиб гирифтани рӯза мамнуъ мебошад.

Сабурова гуфтааст, нафарони мубталои бемориҳои фишорбаландӣ, бемории меъда, қанд ва дигар бемориҳое, ки истеъмоли саривақтии хӯрок ва обро талаб мекунад, набояд рӯза гиранд: “Нафароне, ки бемории фарбеҳӣ ё дарди гурда доранд, гоҳо ба вазъи саломатиашон нигоҳ накарда, рӯза мегиранд. Чунин нафарон ҳангоми гирифтани рӯза бояд аз тавсияи духтурон истифода намуда, тибқи он рафтор кунанд”.

Табиб тавсия додааст, ки шахсони рӯзадор бештар дар ҷойҳои салқин кор кунанд: “Ҳангоми дар корхона будан бояд онро салқин нигоҳ дошт. Бояд саҳаргоҳон то тулӯи офтоб ва бегоҳ ҳангоми ғуруби офтоб дар кӯча гарданд. Вале ҳастанд нафароне, ки ҳарчанд танашон сиҳат бошад ҳам, муддати зиёд ташна гашта наметавонанд, аз ҳамин сабаб чунин нафарон набояд рӯза гиранд”.

Ба таъкиди табиб, шахсоне, ки рӯза мегиранд, бояд ҳангоми саҳархӯрӣ ва вақти ифтор хӯрокро бо меъёр истеъмол кунанд, зеро якбора хӯрдани якчанд намуд хӯрок ба саломатии инсон хавфи зиёд дорад.

Ҳамчунин Шоимгул Сабурова илова намудааст, ки «бегоҳ ҳангоми ифтор шахси рӯзадор бояд ҳатман аз меваҳои тоза истеъмол намояд. Инчунин барои бо об таъмин намудани бадан ҳатман аз шарбати меваҳо истифода бояд бурд. Вале ҳангоми нӯшидани об ва шарбати мева бояд ба дараҷаи хунукии он низ аҳамият дод. Он набояд хеле хунук бошад, зеро метавонад ба меъдаи шахси рӯзадор таъсири бад расонад. Ва ҳатман шахс зимни рӯзакушоӣ бояд аввал хӯрокҳои якум истеъмол кунад».

Бино ба тавсияи табиб, шахс дар вақти рӯзагирӣ набояд пурхӯрӣ кунад ва хӯрокҳои равғанӣ ва сахтро шаб истеъмол намояд, зеро он ба кори меъда душворӣ оварда, шахсро нороҳат месозад: “Хангоми бад шудани ҳолати шахси рӯзадор вай бояд ҳатман об ва хӯрок истеъмол карда, зуд ба духтури оилавӣ муроҷиат намояд. Зеро дар фасли гармо ҳамаи бемориҳо метавонанд хуруҷ карда, вазъи саломатии шахсро бадтар созанд. Шахсе ки ба саломатии худ боварии комил надорад, набояд таваккалӣ рӯза гирифта, саломатии худро зери хатар гузорад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Khoja

  • 26 май 2017 12:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
MUHTARAM Шоимгул Сабурова Shumo khud ruza megiren???
Ozodagon baroi chi in savol nest?????????????????????????????????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар ин қиматии хӯрду хӯрока зиндагӣ дар Тоҷикистон худаш як рӯзадорӣ аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фатворо барои худаш додааст ки руза нгирад!
Дини Ислом дини осонгир аст вали мутахаси фатво муфти ва уламои хоси худро дорад муфти ботакво ки фатворо факат бахотири Худо медихад.
На хар доктору терапив!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вокеъбин,
Духтур рост таъкид кардааст. Вақте рӯзи дароз об наменӯшӣ, оби бадан кам шуда, хун ғафс мешавад. Дар натиҷа гардиши он суст мешавад. Ин ҳолат барои ашхосе, ки фишори баланди хун доранд, якбора марговар аст. Таъкиди духтур ба фатвои мулло чӣ алоқа дорад, ҳушат дар ҷояш ҳаст? Забон дорам гуфта, ҳар чизро мепакӣ? Боз пур аз хатои имловӣ!
Посух додан
  • Точик

  • 27 май 2017 12:03
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хама рузадору вале хеч не ки сатхи фанду фиреб дар чомеаи мо кам шавад!!?? Чи фоида аз ин рузагирии дуругин!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
"якбора хурдани як чанд намуди хурок". Кадом як чанд намуд ? Чой,нон,шакар ?
Посух додан
  • Махмудчон

  • 28 май 2017 08:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарама табиб Сабурова,пеш аз хамин суханатон гуфтан бояд авал медонистед ки аксарияти мардум ба чунин гуфтаи Шумо куват надоранд------- «бегоҳ ҳангоми ифтор шахси рӯзадор бояд ҳатман аз меваҳои тоза истеъмол намояд. Инчунин барои бо об таъмин намудани бадан ҳатман аз шарбати меваҳо истифода бояд бурд. Савол агар чунин хуроки номбар кардаи Шумо набошад чи кор кунем???????????
Посух додан
  • али

  • 28 май 2017 10:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
имрузхо баьзе касбу хунархое хаст ки рузадории он нафарон метавонад мусибат ба сари мардум биерад.масалан ронандагони наклиети мусофирбар е хирург е диспетчери аэропорт ва летчикхо ва гайрахо. барои онхо ки фатво медихад?
Посух додан
  • Муслима

  • 28 май 2017 10:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар сураи Бакара, ояи 184 омадааст, ки доштани рўза барои хар муслиме, ки ба балоѓат расидааст, ба чуз шахсони бемор ва нотавон, нафарони дар сафар ќарордошта вољиб аст. Аз ин ру, матахассис шархи дуруст додааст, ки барои кадом беморон руза доштан метавонад вазъи саломатии уро кохиш дихад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!