Бахшҳо
29 май 2017 13:47Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Роҳи 2-сола: Трансформатори 214-тонна ба Норак расид (АКС)

НБО “Норак” соҳиби трансформаторе шудааст, ки гуфта мешавад 214 тонна вазну 450 меговолт/ампер иқтидор дорад ва дар ҳафтаи наздик насби он шуруъ хоҳад шуд.

Ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик” ин таҷҳизоти муҳими энергетикӣ дар доираи лоиҳаҳои таҷдид ва барқарорсозии НБО-и Норак дар ҳамкорӣ бо мутахассисони Олмон ва Фаронса дар шаҳри Габзии Туркия сохта шудааст.

Гуфта мешавад, ки мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик», Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика ва НБО-и Норак чанд дафъа ба Туркия сафар карда, бо мутахасссони ширкати пудратчӣ- «Алстом»- трансфарматорро аз озмоиш гузарониданд. Озмоиши асосии он моҳи сентябри соли 2015 доир шуда, раванди таҳвили он аз Туркия ба Тоҷикистон аз ҳамон давра оғоз ёфт. Ширкати туркии «Ибракон» таҳвили онро ба ӯҳда гирифта, ки ба иттилои “Барқи тоҷик” онро бо муваффақият анҷом дод.

Маркази матбуоти “Барқи тоҷик” мегӯяд, ки “васли икарданин таҷҳизот имконият медиҳад, ки агрегати 8-уми нерӯгоҳ, ки алаккай чархи кории он иваз шудааст, пурра таҷдид гардад ва нерӯгоҳ бузурги “Норак” дар доираи иқтидори лоиҳавӣ аҳолӣ ва хоҷагии халқи мамлаакатро бо барқи хушсифат таъмин намояд”.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти “Барқи тоҷик” ин трансформатор дар таърихи НБО-и Норак, ки чархаи якуми он соли 1972 ва чархаи охиринаш соли 1979 фаъол карда шудаанд, бузургтарин ба шумор меравад.


Роҳи 2-сола: Трансформатори 214-тонна ба Норак расид (АКС)

Роҳи 2-сола: Трансформатори 214-тонна ба Норак расид (АКС)
Мӯҳр
Нозир
Бояд назорат кард, ки онро сари вакт ва махсусан дар фасли тобистон васл кунанд, боз нагуянд, ки дер шуду тирамоху зимистон бебарк монем...

Муаллим
Шиддати барк дар Кулоб 190-200волтро ташкил медихад,ки аз ин сабаб хамаи тачхизотхои барки кариб аз кор мемонанд е вайрон шудаанд. Боз кормандони барк омада аз ахоли пул талаб мекунанд . Дар холате,ки бояд сифати барк 220-230 волтро ташкил дихад. Ба рохбарияти барки точик мерасонем,ки ин масьаларо дида бароянд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)