Бахшҳо

"22 дарсади тамокукашҳои Тоҷикистон занону наврасонанд" (АКС)

Теъдоди тамокукашҳои Тоҷикистон бештар аз 500 ҳазор нафар гуфта мешавад.

Саидҷон Давлатов, ҳамоҳангсози миллии мубориза бо тамокуи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, ин рақам дар пайи тадқиқотҳои баҳодиҳӣ ба даст омадааст. Ӯ имрӯз, 30 май дар як нишасти хабарӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии бидуни тамоку гуфт, 78 дарсади тамокукашҳо мардон, 10 фисад занҳо ва 12 фоиз наврасон мебошанд.

Оқои Давлатов тамокукаширо яке аз сабабҳои аслии фавти одамон аз бемории саратони дили шуш ва рагҳо унвон кард. Ба иттилои ӯ, мутобиқи маълумоти Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар ҷаҳон аз бемориҳои ба тамомкукашӣ алоқаманд зиёда аз 5 миллион нафар мефавтад. Ҳангоми идомаи чунин тамоюл мизони фавт то соли 2030 ба 10 миллиён мерасад.

Саидҷон Давлатов афзуд, дар таркиби сигор зиёда аз 4000 моддаи химиявӣ аст, ки аз он 250 намудаш зараровар мебошад. 50 намуди он сабаби гирифторӣ ба саратон мешавад: “Дар Тоҷикистон 59%-и фавти умумиро бемориҳои ғайри сироятӣ ташкил медиҳанд. Аз онҳо 39% ба бемориҳои дилу рагҳо 7% ба бемориҳои саратон ва 3% ба бемориҳои роҳҳои нафас рост меояд, ки ба тамокукашӣ алоқаи зич доранд”.

Ин масъули Вазорати тандурустӣ дар идома таъкид намуд, дар баробари истифодаи сигор муштариёни нос ҳам зиёд ҳастанд: “Мутахассисони Вазорати тандурустӣ дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Амрико ва Русия дар пайи ташхис муайян намудаанд, ки дар як кило нос 3,2 миллиграм хром, 1,6 миллиграм никел, 0, 32 миллиграм марги муш, 0,6 миллиграм какми, 0, 72 миллиграм сурб мавҷуд аст. Ин моддаҳо ба гуруҳи дуюм ва сеюми моддаҳои хатарнок шомил мешаванд”.

Ӯ гуфт, инчунин дар таркиби нос никотин, нитрасамин вуҷуд дорад, ки хосияти бавуҷудоварии бемории саратонро доранд: “Истифодаи ин маҳсулот метавонад ба генофонди миллат таъсири манфӣ расонад”.

Игор Проканевич,
намояндаи Созмони байналмилалии тандурустӣ дар Тоҷикистон дар ин нишаст тамокукаширо яке аз сабабҳои фавти инсонҳо дар сайёра хонда, гуфт, дар қаламравии аврупоии ин ташкилот ки ба он Тоҷикистон низ шомил аст, истеъмоли тамоку хело баланд аст. Ба гуфтаи вай, мизони истифодаи тамоку дар ин минтақа ба 28 дарсад мерасад ва ин маънои онро дорад, ки аз 3 як нафар тамоку истифода мебарад. Ба омори расмӣ ҳамасола дар ин қаламрав 1,5 миллион нафар мемирад.

Ӯ мегӯяд, соли 2015 мизони истеъмоли тамоку дар Тоҷикистон 17%-ро ташкил медод ва тибқи пешгӯиҳо аз 467 ҳазор нафари тамокукаш 233 ҳазор бо сабаби истеъмоли тамоку ва касалҳое, ки марбут ба тамокукашианд, пеш аз муҳлат мемиранд: “Ин мушкили хеле ҷиддӣ аст”.

Илҳом Абидов, раҳбари Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон гуфт, соли 2016 дар пайи як пурсиш, ки “Зерколо” анҷом дод, муайян шуд, ки шаҳрвандон ба тамокукашӣ хусусан аз давраи балоғат -- 16 то 20 солагӣ даст задаанд. Беш аз 33 фисади пурсидашудаҳо гуфтаанд, дар ҳамин давра ба тамокукашӣ даст задаанд.

"22 дарсади тамокукашҳои Тоҷикистон занону наврасонанд" (АКС)

"22 дарсади тамокукашҳои Тоҷикистон занону наврасонанд" (АКС)

"22 дарсади тамокукашҳои Тоҷикистон занону наврасонанд" (АКС)
Мӯҳр
Вакто чойи кори мувофик нест пул нест проблема 1000та ба тамокукаш меши чи мешай дига

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)