Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:30

Шаҳрвандони Тоҷикистон дар гаравгонгирӣ ва қатли ҳамватанашон гумонбар мешаванд

13 июн 2017, 15:45

Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо иттиҳоми ба асорат гирифтан ва қатли табааи дигари Тоҷикистон муттаҳам мешаванд.

Ба фарзияи тафтишот, моҳи апрели соли 2016 яке аз ин панҷ нафар дар ҳудуди бозори Каширински вилояти Челябинск соҳибкори тоҷикро бо баҳонаи бофтае ба манзиле дар хиёбони Комсомол меорад. Инҷо муттаҳамони дигар ба ӯ дармеафтанд: “Бо таҳдиди таппончаи пневматикӣ дастҳояшро бо дастпона баста, пойҳояшро бо скоч мебанданд. Баъди он бо таҳдиди паҳн кардани хабарҳо дар мавриди он ки гӯиё ин соҳибкор ба қочоқи маводи мухаддир машғул аст ва таҳдиди куштан, аз вай 3 миллион рубл талаб кардаанд”,-хабар додааст дафтари матбуоти додситонии Челябинск.

Баъди ин, мошини соҳибкорро ҷустуҷӯ намуда, беш аз 1,8 миллион рублро гирифтаанд. Рӯзи дигар вақте мефаҳманд, ки наздикони соҳибкор ба пулис аз бедарак шуданаш хабар додаанд, ӯро бо истифодаи бастаи полиэтиленӣ буғӣ карда, ҷасадашро пинҳон мекунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Вой бар холи мо

  • 13 июн 2017 17:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Вой бар холи мо точикон. Бубинед, ки мо точикон ба чое оне, ки дар мулки бегона якдигарро дастгири намоем, вале баръакс мо барои пулу мол шуда, якдигарро мекушем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!