Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 21 феврал 2019, 04:41

Тақдими 3000 садбарг. Ҷавоби мусалмонҳо ба ҳамлаи Лондон

13 июн 2017, 16:25

Як гуруҳ аз мусалмонҳои Бритониё бо роҳандозии як иқдом рӯйи пули Лондон ба роҳгузарон 3000 садбарг тақдим кардаанд.

Ахиран, дар пайи як амали террористӣ дар рӯи ин пул 8 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар захмӣ шуданд. Мусалмонҳо бо тақдими гулҳо изҳори ҳамдардии худро ба зарардидаҳои ин фоҷиа изҳор доштаанд.

“Баъди ҳодисаҳои рӯзҳои истироҳати гузашта мо як жести рамзии муҳаббатро роҳандозӣ кардем. Ҳадаф ин аст, ки мо барои тахриби ҳеч пуле, бо шумули пули Лондон иҷоза намедиҳем”,-гуфтааст Закия Бассу, яке аз мубтакирони ин ицдом ба расонаҳо.

Ба навиштаи расонаҳо, сокинони Лондон аз ин иқдом истиқбол кардаанд. “Фикр мекунам, ин намунаи барҷастаи он аст, ки Лондон дар асл чӣ гуна аст”,-изҳор доштааст Элида Эрколано.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар як миллион дона гул тақдим бикунанд ҳам, дигар ба мусулмонҳо касе бовар намекунад. Ифротиёни террорист ҳам дини исломро, ҳам аҳли исломи ҷаҳонро зери шубҳа қарор додаанд. Ин террор дигар хотима нахоҳад ёфт.
Посух додан
  • Инсон

  • 13 июн 2017 19:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои ин 8 нафар гул медиханд ва барои он ки кутайба омад миллонхо одамро кушт дар минтакахои мо чи ? барои Махмуди газнави ки миллионхо хиндуро кушт чи ? барои катлхое ки дар даврони рошиддин шуд чи?
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инсон,
Рост мегӯед, ҳамаи динҳо сиёсату низоми худро бо дами шамшер ҷорӣ кардаанд. Ҳоло худро мусичаи бегуноҳ мегиранду дигаронро ақл ёд медиҳанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!