Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 24 июн 2017, 04:56

Шарҳи расмии садамаи пурқурбонӣ дар Восеъ: “Мерседес” муқобил баромад...

19 июн 2017, 13:41

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи пурқурбонӣ дар ноҳияи Восеъро, ки 7 кушта барҷой гузошт, шарҳ дод.

Тибқи иттилои ВКД 18-уми июни соли 2017, тахминан соати 15:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-бенс”, марди 22-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Тугараки ноҳияи Восеъ бехатарии ҳаракат дар роҳро таъмин накарда, ба самти муқобили роҳ баромадаааст: “Дар пайи баромадан ба самти муқобил “Мерседес” ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи марди 42-солаи сокини шаҳри Кӯлоб бархӯрдааст. Дар натиҷа, ронанда ва се нафар мусофирони автомашинаи «Мерседес-бенс», синну солашон 22-24-солаи сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва шаҳри Кӯлоб, инчунин ронандаи автомашинаи «Опел-Астра» ва мусофири он марди 33-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд”.

Манбаъ афзуд, мусофири дигари автомашинаи «Мерседес-бенс», ҷавони 21-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ дар беморхона ба ҳалокат расидааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Точик

  • 19 июн 2017 13:51
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хукумат бояд рондани машинро то синни 25 солаги манъ намояд, зеро чавонони мо аксар беакл шудаанд! Бояд чорахои катъи дида шавад!!! Аз дасти ин беаклхо дар кучахои шахр гашта намешавад! Ранги хайвони беакл мошин меронанд. Мансабдорон, хатман чунин конун бароред, ки вазъият дар роххо руз то руз бад шуда истодааст
Посух додан
  • хасрат

  • 19 июн 2017 14:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чояшонро чаннат гардонад, Худоё!
Ба хамаи наздикони гузаштагон тасаллият мегуем!
Посух додан
  • Адл аз Душанбе

  • 19 июн 2017 14:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Рондани автомашина то 25 сола катъиян манъ карда шавад. Аксарияти ходисахои нохуши наклиёти аз чониби чавонони то 25 сола содир мешаванд. Онхо автомашинаро аз суръати мукарраршуда зиёд меронанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точик,
Бародарон бо баровардани қонуни нав маҳдудиятҳои бемаъно ҳеҷ беҷҷбудӣ дида намешавад, то имруз Тоҷикистон дар қатори давлатҳоест, ки қонунҳояш ноустувор аст. Танҳо роҳи масъала ин боло бурдани фарҳанги ҷомеа аст, ки иншоаллоҳ оқоёни мансабдорон ин нуктаро ҳатман дарк хоҳанд кард.
Посух додан
  • Аскар

  • 19 июн 2017 17:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
О мардуми бо ГАЙ-ро бад мебинанд, ки пушти дарахту бутта пинхон шуда рондахои гизалахайкунро медорад. Як бор фарзанд ё наздикатонро наклиёт бо суръати баланд кушад баъд ба кадри ГАЙ мерасед...
Посух додан
  • Кулоби

  • 19 июн 2017 22:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худованд, рахмату магфираташон кунад.
Имруз бачахо гуфтанд, ки ронандаи автомашинаи Мерседес, ки гунахгори ин садамаи наклиёти мебошад, аз як шиносаш хохиш кардааст, ки автомашинашонро ба у дихад, то ин, ки вай аз нохияи Хамадони ба шахри Кулоб рафта, дар маросими чанозаи кадом як хешаш иштирок намояд. Хуллас вай автомашинаи Мерседеси дигар касро гирифта, дар якчояги бо се чураи дигараш ба шахри Кулоб меоянд. Вакте, ки онхо аз шахри Кулоб ба нохияи худ, яъне нохияи Хамадони рафта истода будаанд, дар рох кормандони БДА / ГАИ бо радар онхоро манъ мекунанд. Вале аз сабаби оне, ки автомашинаи худаш набудааст, вай автомашинаро манъ накарда, баръакс суръати харакати Мерседесро хело хам баланд карда, дар натича дар худуди чамоати дехоти Тугараки н.Восеъ, ки аз шахри Кулоб тахминан 10 - 12 км дуртар чойгир аст ба автомашинаи тамгаи Опел бар мехудад. Хайр окибаташро аллакай Шумо худатон медонед.
Посух додан
  • Духтур

  • 20 июн 2017 00:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хааай сахтҳайкадагиҳооо мемуранд .....остаҳайкадагиҳооо намемуранд!!!! Монед сахт ҳай кунааад..онеша об барааад!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
... хамдардии амик, ба ах,ли оилах,ои ин буродарон !!! Сад дар сад дуруст чавонон одоби дурусти ронандаги надоранд ... Аз Пешвои Миллат хохиш мекунем !!! Бигзор барои вакти муайян барои ронандаги аз синни 25 солаги як конун чори кунанд , ина баъд худаш вакт муайян нишон медихад ...
Посух додан
  • Точик

  • 20 июн 2017 10:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дустони азиз,
баъзехо пушниход карда истодаанд, ки ба нафарони то 25 сола хукуки ронанда шудан надиханд. Вале чаро касе намегуяд, ки ФУРУХТАНИ ШАХОДАТНОМАХОИ РОНАНДАГИ аз тарафи БДА манъ карда шавад? Хамаи мо хуб медонем, ки кисми зиёди ронандахо шаходатномаи ронандагиро харидаанд. Яъне онхо дар курсхои ронандатайёркуни тахсил накардаанд ва бар ивази ПАЙСА сохиби шаходатномаи ронандаги шудаанд. Агар мо ин хел гирем, хастанд ронандагоне, ки синнашон аз 25 сола боло асту дар коидавайронкуни аз шахсони то 25 сола хеч ками надоранд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ахсанн ба кормандони БДА агар хамин шумо набошед аз дасти ингуна шумахерхо на мошин ронда мешавад на пиеда рох гашта мешавад барои шумо бояд музди маоши хело баланд пешниход карда шавад ки садди рохи порра байни ронанда ва корманди БДА шавад ана бад олам гулистон мешавад ... дар холи хозир аксари шумо кормандони БДА порахур хастед аз хамин сабаб шуморо зери дашном ва харгуна суханони кабех карор медиханд

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!