Иҷозати Р.Эмомалӣ ба “рақиб”-и Комилов дар бозори шир
Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, ба корхонаи «Агросаноат» барои кор дар бозори шири пойтахт иҷозат додааст.
Тибқи иттилои шаҳрдорӣ “Агросаноат” барои ба роҳ мондани фурӯши шир тариқи нақлиёт дар ҳудуди шаҳри Душанбе бо риояи талаботу қоидаҳои санитарию байторӣ, оташнишонӣ ва экологӣ иҷозат гирифтааст: “Фурӯши шир ҳар рӯз аз соати 05:00 то 09:00 ва аз соати 18:00 то 20:00 иҷозат дода шавад”.
«Агросаноат» муваззаф шудааст, руйхати мавзеъҳои барои фурӯши шир дар ҳудуди шаҳри Душанбе интихоб кардаашро бо Раёсати рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мувофиқа намояд.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол дар пойтахт асосан “Комбинати шири Душанбе”-и Наврӯз Комилов тариқи нақлиёт Душанбе субҳу шом шир мефурӯхт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |