Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 апрел 2019, 02:02

Дархости кумак барои пайдо кардани Идибеки муҳоҷир (ВИДЕО)

1 июл 2017, 09:24

Наздикони Идибек Ҳаётов, сокини 38-солаи ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, ки ду сол қабл дар Русия бедарак шуд, барои пайдо кардани ӯ ёрӣ мехоҳанд.

Маҳмадсаид Ҳаётов, бародари Идибек дар як навори видео дар суҳбат бо Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” мегӯяд, бародараш, соҳии 3 фарзанд буда, дар ноҳияи Визаи шаҳри Екатеринбург бо мошиншӯйӣ машғул буд. Ӯ аз тамоми муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш дорад, барои пайдо кардани бародараш кумаки худро дареғ надоранд: “Пеш аз гум шудан бо бародари ҳамсараш дар шаҳри Екатеренбург кор мекард. Бори охир соли 2014 ӯро дар яке аз бозорҳои шаҳри Екатеренбург дидаанд. Гуфтааст, ки нияти ба Ватан баргаштанро дорад. Мо бо чандин дӯстон ва онҳое, ки ӯро мешинохтанд, муроҷиат кардем, вале касе ӯро надидааст”.

Маҳмадсаид Ҳаётов аз онҳое ки дар бораи бародараш чизе медонанд ё ӯро ҷойе дидаанд, хоҳиш дорад бо шумораҳои 8 (495) 506-45-83, (926)427-73-09 ва 8 (909) 636-00-05 тамос бигиранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!