Бахшҳо

Вазорати тандурустӣ исми “фолбину ҷодугар”-ҳоро ба пулис таслим кардааст (ВИДЕО)

Масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, фаъолияти афроде, ки “дасти пир” гирифтаанд ё ба сеҳру ҷодӯ машғуланд, аз номгӯи фаъолиятҳои вазорат берун карда шуд.

Ғаффур Муҳсинзода, сардори Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 12 июл дар ҳузури хабарнигорон гуфт, давоми ду соли ахир теъдоди табибони халқӣ аз 33 ба 145 нафар расидааст: “Илова бар ин 290 каси дигар ҳаст, ки аз кормандони тиб ба соҳаи тибби халқӣ гузашта, фаъолият мекунанд”.

Ҷаноби Муҳсинзода афзуд, тибқи таҳлилҳо дар қаламрави Тоҷикистон бештар аз 1000 нафар ғайриқонунӣ ҳамчун табиби халқӣ фаъолият мекардаанд: “Мо рӯйхати афродеро, ки иҷозатномаи вазоратро надоранду ба фолбиниву ҷодугарӣ машғуланд, гирифта, ба Вазорати умури дохилӣ пешниҳод намудем”.

Ба таъкиди ӯ, табибоне, ки дорои иҷозатномаи Вазорати тандурустиянд, ба сеҳру ҷодугарӣ машғул намешаванд, “зеро мо аз онҳо аллакай баёнот гирифтаем. Илова бар ин ашхосе, ки дипломи соҳаи тибро доранд, зарурат барои гирифтани иҷозатнома барои фаъолияти табиби халқӣ надоранд”.



Давлатмурод Олимов
, муовини сардори Хадамоти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар идомаи ин мавзӯъ гуфт, айни ҳол кормандони Вазорати умури дохилӣ нисбати афроде, ки худро табиби халқӣ эълон мекунанд, санҷишҳо анҷом дода, фаъолияти онҳоро боз медорад: “Мардум онҳоро табиби халқӣ меноманд. Аксари онҳо худашонро таблиғ карда, ном баровардаанд”.

Дар ҳамин ҳол, Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар нишасти хабарии рӯзи гузашта изҳор дошт, ба табибони халқӣ ва ҳамчунин сеҳру ҷоду бовар надорад.

Бар асоси қонунгузории Тоҷикистон афроде ки ба сеҳру ҷоду машғул мешаванд, ҷарима хоҳанд шуд. Дар чанд соли ахир Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти даҳҳо нафаре хабар дод, ки худро табиби мардумӣ муаррифӣ карда ба “сеҳру ҷоду” машғул будаанд. Барои мисол, моҳи майи 2015 як зани 52- солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шуд, ки ба қавли мақомоти ҳифзи ҳуқуқ “бо роҳи фолбиниву дуохонӣ ва сеҳру ҷоду ба барқарор намудани бахти ҷавонон ва дигар намуди табобат машғул будааст”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)