Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 19 май 2019, 11:16

Аз 7 то 70-сола соле як бор “санҷиши меъёрҳои омодагӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва дифоъ” месупоранд

14 июл 2017, 08:23

Кумитаи ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон дар пай супориши ҳукумат ба таҳияи санаде машғул аст, ки бар асоси он бояд сокинони аз 7 то 70-сола соле як бор “санҷиши меъёрҳои омодагӣ ба тарбияи ҷисмонӣ ва дифоъ”-ро супоранд.

Аҳтам Абдуллозода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш мегӯяд, ин меъёрҳо аз давидан ба масофаи муайян, партофтани санг, кашидани турник, бардоштани вазн ва дигар меъёрҳое, ки қобилияти суръатнокӣ, тобоварӣ ва қувватнокии инсонро муайян мекунад, иборат аст. Ӯ, ки дар нишасти хабарие 13 июл дар рӯ ба рӯи хабарнигорон суҳбат мекард, афзуд: “Ин меъёрҳо ҳатмӣ ва ихтиёрӣ ҳастанд”.

Ҷаноби Абдуллозода гуфт, феълан гуруҳи кории вижа ба омода кардани ҳуҷҷати мазкур машғул аст ва ояндаи наздик он барои баррасӣ ба вазорату идораҳо ирсол мегардад. Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш таъкид намуд, ки бо татбиқи ин ҳуҷҷат насли наврас, кормандони вазорату идораҳо ва дигар муассисаҳо ба солимӣ бештар ҷалб хоҳанд шуд. Ба қавли ӯ, супориши ҳукумат барои омода намудани ин санад бо назардошти мушкилоти ҷойдошта дар самти ҷалби сокинон ба варзиш сурат гирифтааст.


Акс аз бойгонӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар давраи Шурави ин гуна санчишхо буд бо номи ГТО - Готов к труду и оборону. Россия ба фикрам соли 2015 ё 2016 инро аз нав чори кард (Агар дар ёдатон бошад В.Жириновский чи гуна онро месупорид). Хеле хуб мешавад, агар ин чори шавад (вобаста ба таснифоти сину сол албатта). Ин санчиш бояд санчиши хатми бошад, чунки аксарияти мо ба чунон танбал шудаем, ки хатто 1 км давида наметавонем, 5 бор худро баркашида наметавонем ва гайра, гарчанде дар чавони варзишгар будем (ман ба шахсони аз 40 сола боло мурочиат дорам). Бале, варзишгар. Аксарият фикр мекунад, ки ман мисли чавониам инхоро метавонам. Не, бародар (хохар), чавони дигар аст, мисли бабру оху мечахиву мепари ва медави. Аммо....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!