Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:36

Сафорати Туркия: Шаҳрвандони Тоҷикистон дар табаддулоти давлатӣ мустақиман даст надоштанд (ВИДЕО)

15 июл 2017, 09:42

Фотеҳ Қаҳрамон, котиби аввали сафорати Туркия дар Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони Тоҷикистон дар табаддулоти нокоми давлатии Туркия дар як соли пеш мустақиман даст надоштанд. Ӯ ин нуктаро 14 июл дар як нишасти хабарӣ бахшида ба солгарди ин кудето изҳор дошт.

Оқои Қаҳрамон гуфт, танҳо як шаҳрванди Тоҷикистон барои пуштибонӣ аз ин табадуллот дар Туркия боздошт гардид. Кордори сафорат аз ин нафар ном набурд, аммо тахмин мешавад, ӯ Тоҳир Саидзодаи 26-сола аст. Қаблан расонаҳо хабар доданд, ки Саидзода баъди 8,5 моҳ аз зиндон раҳо шуда, ба ватан баргаштааст. Худи Тоҳир, ки фориғуттаҳсили яке аз литсейҳои туркӣ дар Тоҷикистон аст ва то замони боздошташ ба ҳайси омӯзгор дар Донишгоҳи байналмилалии Анталия кор мекард, моҳе пеш бо Радиои Озодӣ гуфт, тасодуфан дастгираш кардаанду вай давоми қариб як сол барои исботи бегуноҳиаш аз дохили боздоштгоҳ мубориза бурд.

Туркия дар табаддулоти нокоми 15 июли соли 2016 Фатҳулло Гюлен, яке аз руҳониёни маъруфи муқими Амрикоро муттаҳам медонад. Дар пайи ин табаддулот ҳазорҳо тарафдори Гюлен дар Туркия боздошт шуд ва ҳукумати ин кишвар аз давлатҳое, ки литсейҳои туркӣ фаъол буданд, дархост кард, онҳоро бубанданд.

Дар Тоҷикистон ҳам шаш чунин муассисаи таълимӣ фаъол буд, ки ҳоло табдили ном кардаанд. Фотеҳ Қаҳрамон, котиби аввали Сафорати Туркия дар Тоҷикистон, ҳам гуфт, ҳоло ин мактабҳо дар ихтиёри Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарор доранд. Ба қавли вай, ҳамчунин як мактаби байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе, ки ба ташкилоти Гюлен марбут буд, ба ихтиёри Вазорати умури хориҷӣ гузашт. Бар иловаи литсей ва мактаби байналмилалӣ созмони “Диалог”, ки ҳамчунин гуфта мешуд ба Фатҳуллоҳ Гюлен таалуқ дорад, баста шуд. Котиби аввали Сафорати Туркия мегӯяд, баъди баста шудани мактабу созмонҳои марбут ба Гюлен теъдоди тарафдорони ӯ дар Тоҷикистон шадидан коҳиш ёфтааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Tojik

  • 15 июл 2017 10:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Салом,
Ман ҳамин якчизро кайд кардан мехоҳам, чихел мешавад ки мактаб ки талаба ба воя мерасонад ба он табадулот даст дошта бошад. Аз ҳама ачибаш ки ин мактаб дар дигар кишвар аст.
ин табадулоти гуфтаи онҳоро ДУНЁ бовар намекунад. аз дигар маколаҳои дунё метавонед дар ин бора малумот гиред.
ман ба ин литсеҳо ё инки шахси дар Амрико буда ягон алока надорам, танҳо аз хабарҳои дунё ва давлатҳои бузурги дунё дидаам мегуям.
ташаккур
Посух додан
  • Муъминободи

  • 15 июл 2017 13:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бовар кунед, дар Точикистон ягона литсейхое, ки кадрхои болаёкат баровардааст ин Литсейхои Туркӣ - Тоҷикӣ буданд. Баъди оне, ки онҳоро барҳам доданду онҳоро дар ихтиёри Вазорати Маориф ва Илми ҶТ вогузор намуда, ба Литсей барои хонандагони болаёқат тағйири ном карданд, ин литсейҳо тамоман гуем, ки шуҳрати худро аз даст додаанд мешавад. Дар шаҳри Кӯлоб ва умуман дар минтақаи Кӯлоб, ягон литсейи пешрафта ҳамон Литсейи Туркӣ Тоҷикӣ буд. Ҳоло бошад дар онҷо бардак. Агар бовар накунед, худатон рафта бинед. Ҳама корро вайрон карданаш осон аст, вале обод кардан хело ҳам мушкил аст.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!