Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:33

Нақли зане, ки аз манзилаш ҷасади 13 соли пеш пайдо шуд (ВИДЕО)

15 июл 2017, 11:28

Умеди 20-сола, сокини шаҳри Ваҳдат бо қасди таъмир фарши манзилашро канд ва аз зери он ҷасадеро пайдо кард, ки 13 соли пеш гӯр карда шуда буд. Мақомот мегӯянд, ин ҷасади зане ҳаст, ки аз сӯи шавҳараш ба як бераҳмии хос қатл ва зери хоку бетон шудааст.

Зебо Розиқова, модари Умед 14 июл дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, онҳо ин манзилро, ки дар ошёнаи аввали бинои панҷқабатае дар маҳаллаи Наврӯзи шаҳри Ваҳдат ҷойгир аст, чор сол пеш аз Марҷон ном зане харидорӣ карданд: “Вақте хонаро харидам, таъмир надошт. Чанд ҷойи фарш сурох буд ва аз он бӯйи бад мерасид, мо ҳамаро иваз кардем, аммо бӯй кам нашуд. Ҳамин хел чанд сол гузашт”.

Ин соҳибхонаи 41-сола афзуд, ахиран аз писари 20-солааш хост, то барои ҷойгир намудани баъзе ашёи рӯзгор таҳхонаро таъмир кунад. “Таҳхонаи айвон пурра маҳкам буд. Аз ҳамсояҳо пурсидам, ки айвони мо таҳхона дошта бошад, гуфтанд, ки бале. Писарам Умед бетони рӯйи даричаи таҳхонаро меканад. Аз дохили таҳхона наздики 8 халта “партов” берун мекунад ва дар назди девор ҷасадро мебинад. Ман он вақт дар хона набудам”,-афзуд Зебо Розиқова.

Бо тавсияи модар Умед раиси маҳалла ва баъдан нозири минтақавиро даъват мекунанд.



Вазорати умури дохилии Тоҷикистон 11 июл бо нашри як хабар гуфт, ҷасади ёфтшуда, ҷанозаи соҳибхонаи пешини ин манзил будааст. Торнамои расмии ин ниҳод аз боздошти як сокини 39-солаи ҷамоати деҳоти Н.Розиқи шаҳри Ваҳдат хабар дод. Ба иттилои манбаъ, бар асоси тафтишот боздоштшуда аз соли 2000-ум бо ҳамсараш, ки ҳозир бояд 41-сола мешуд, зиндагии якҷоя доштааст: “Боздоштшуда бо сабаби муноқишаи оилавӣ моҳи ноябри соли 2004, бо олоти деҳқонӣ - каланд 2 маротиба дар ҷойи хоб ба сари ҳамсараш задааст”.

ВКД дар идома мегӯяд, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст: “Сипас номбурда, ҷасади оилаашро ба таҳхона бурда, зери хок намуда, бо бетон мумфарш кардааст”.

Ҳамсояҳо мегӯянд, ин хона 13 сол қабл ба Фирӯз ва Руқия таалуқ дошт, ки соҳиби як фарзанд ҳам буданд. Ҳоло Шӯъбаи умури дохилии Ваҳдат ба тафтиши ҳодиса машғул аст.

Зебо Розиқова, соҳиби феълии ин манзил гуфт, ҳоло фарзандонаш дигар майли инҷо зиндагӣ карданро надоранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!