Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:37

Раиси Суди Олӣ: Парвандаи Холмуродзода, Хайрзода... ба суд ворид шуд

17 июл 2017, 14:34

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, иттилоъ дод, ки парванда алайҳи кормандони воломақоми Оҷонсии зидди фасод ба додгоҳ ворид шудааст.

Шоҳиён имрӯз, 17-уми июл дар посух ба суоли “Озодагон” изҳор дошт, ки “атрофи дастгир шудани кормандони Оҷонсии зидди фасод маводи хеле зиёд ба табъ расид. Шумораи кормандони боздоштшуда ҳар гуна пахш мешуданд. Ба маълумоти шумо мерасонем, ба Суди олӣ нисбати 10 корманди Оҷонсии мубориза бо коррупсия ва нисбати 3 нафар корманди сохторҳои дигар парвандаи ҷиноӣ ворид шудааст”.

Шоҳиён афзуд, ки номи масъулини боздоштшудаи Оҷонсии зидди фасод аллакай дар расонаҳо ҳаст. Ба гуфтаи раиси Суди Олӣ инҳо Давлатбек Хайрзода, собиқ муовини раиси Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, Фирӯз Холмуродзода, сардори раёсати тафтишот, як сардори дигари раёсат, дар умум парвандаи 10 масъули Оҷонсӣ ба додгоҳи олӣ ворид шудааст.

Раиси Суди Олӣ таъкид кард, ки собиқ масъулини Оҷонсии зидди фасод дар гирифтани пора, қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳо муттаҳам мешаванд: “Парвандаҳои мазкур ба таври махфӣ тафтиш шудаанд ва рӯзҳои наздик мурофиаи додгоҳии онҳо пушти дарҳои баста оғоз мешавад”.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Нодон

  • 17 июл 2017 15:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хуб мешуд дигарон медиданду дарси ибрат мегирифтанд аммо дирижёри инхо кучост
Посух додан
  • Муаллим

  • 17 июл 2017 16:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои чи пушти дархои баста? Бигузор мардуми точик донанд,ки ришвагирон кихо хастанд ва дар охир хамаи ришвахои гирифтаи онхо ба ки рафта мерасад. агар хохем,ки ин амали хавфнок ба монанди ришвагири дар Точикистон пурра аз байн бурда шавад, бояд нисбати порагирон хукми абад таъин карда шавад вагарна порагири хозир дар авч аст ва зиёд шудан мегирад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!