Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 28 июл 2017, 11:34

Шоҳиён дар бораи бозбинии парвандаҳои таҳиякардаи Холмуродзода: Зарурат нест (ВИДЕО)

17 июл 2017, 15:00

Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, зарурате барои бозбинии парвандаҳое, ки аз ҷониби Фирӯз Холмуродзода ва дигар масъулини боздоштшудаи Оҷонсии зидди фасод таҳия шудаанд, мавҷуд нест.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Додгоҳи Олии Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июл зимни нишасти матуотӣ дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, “масъалаи бозбинии чунин парвандаҳо дар на дар Суди олӣ ва на дар дигар ниҳодҳои давлатӣ матраҳ нест. Баъзе хабарҳоро дар ин робита дар расонаҳо дидам, ки ягон асос надоранд. Ин парвандаҳо аз ҷониби як сохтори алоҳидаи давлатӣ тафтиш шуда, аз сӯи додситонӣ омӯхта шуданд ва аксари онҳо мавриди баррасии Суди Олӣ қарор доштанд. Ягон шубҳа дар бораи асоснокии онҳо буда наметавонад”.

Шоҳиён гуфт, ҷиноятҳое, ки масъулини Оҷонсии зидди фасод содир кардаанд, пора гирифтаанд, фиреб кардаанд, моли мардумро аз худ кардаанд, дар бисёри ҳолатҳо ба парвандаҳои онҳо рабт надорад: “Барои ҷиноятҳои алоҳидае, ки ин афрод содир намудаанд, ҷавоб медиҳанд”.




Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!