Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 апрел 2019, 01:07

Раиси “Амонатбонк”: Амволи Толиб Айёмбеков ба фурӯш гузошта шудааст (ВИДЕО)

18 июл 2017, 10:05

Раиси бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон – “Амонатбонк” мегӯяд, амволи ба гаравгузоштаи Толиб Айёмбеков, собиқ фармондеҳи мухолифин дар Бадахшон ба фурӯш гузошта шудааст. Руҳулло Ҳакимзода имрӯз, 18 июл дар ҳузури хабарнигорон бо зикри ин нукта афзуд, аммо бо далели буҳрони молӣ ин амвол харидор пайдо накардаанд: “Амволи ба гаравгузошта ҷавобгӯи талабот аст, вале бо сабаби мушкили иқтисодӣ харидор надоранд”.

Ин дар ҳолест ки моҳи июли соли сипаришуда ҷаноби Ҳакимзода гуфта буд, Толиб Айёмбеков қарзашро, ки 455 ҳазор сомониро ташкил медод, ба ин бонки давлатӣ пурра баргардонда, танҳо фоизҳоро пардохт накардааст. Ӯ ҳаҷми фоизи қарзҳои Айёмбековро то моҳи июли соли 2016, 329 ҳазору 310 сомонӣ арзёбӣ карда, таъкид намуда буд, моҳҳои охир натавонистааст фоизҳоро пардохт кунад: “Агар маблағҳоро пардохт кардан натавонад, амволи багаравмондаашро ба фурӯш мегузорем ва қарзгир низ бо ин сад дар сад розист”.



Дар акс Толиб Айёмбеков


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!