Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:13

Оилаи ҳукуматдорон: Кӣ шомил ҳасту, кӣ не?

21 июл 2017, 09:24

Рустам Ҷабборзода, ноиби раиси Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, сар аз соли равон аъзои ҳукумат уҳдадоранд, дар бораи дороии худ ва аъзои оилааш ҳисобот диҳанд.

Ҷабборзода имрӯз, 21-уми июл аснои нишасти хабарие дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, қонун дар ин бора аллакай қабул шуд ва тибқи қарори ҳукумат бояд шакли нави эъломия таҳия шавад: “Дар шакли нави лоиҳа мушаххас хоҳад шуд, ки кӣ ба хонавода шомил мешавад ва бояд ҳисобот пешниҳод кунад”.

Ноиби раиси Кумитаи андоз гуфт, бар асоси қонун "Дар бораи хизматчиёни давлатӣ" ба аъзои оилаи хизматчиён худи ӯ, ҳамсар, фарзанд, оилаи фарзанд ва писару духтарон шомил мебошанд. Мушахассан дар лоиҳаи эъломия боз муайян мешавад”.

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон моҳи майи соли равон тағйирот ба Қонуни конститутсионӣ “Дар бораи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро қабул кард, ки бар асоси он дороии наздикони аъзои ҳукумат зери назорат гирифта мешавад. Амрихудо Дамдор, вакили Маҷлиси намояндагон, зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон гуфт, бар асоси тағйирот аъзои ҳукумат ва аъзои оилаи онҳо муваззафанд, ки ҳар сол эъломияи молу мулкашонро пур кунанд ва ба мақомоти андоз пешниҳод намоянд.

Ҳукумати Тоҷикистон, аз раис, сарвазир, муовинони сарвазир, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат мебошад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фаромуш накунед, ки тибки м.64 Конститутсия Раиси Хукумат Президент мебошад. Пас, ин меъёр нисбати сарвари давлат ва хокимияти ичроия низ пахн мешавад...

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!