Бахшҳо
25 июл 2017 10:40Тоҷикистон / Видео

Мурғи тухмдеҳ ба ҷои шавҳари муҳоҷир: Дастгирии занҳои танҳои тоҷик (ВИДЕО)

Саъдӣ Каримзода, раиси Маркази идораи лоиҳаи “Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо” мегӯяд, ба занҳои танҳо, аз ҷумла хонумҳое, ки шавҳаронашон ба муҳоҷират рафтаанду муддати тӯлонӣ аз ҳолашон хабар намегиранд, беш аз 5 ҳазор мурғи тухмдеҳ доданд.

Каримзода имрӯз, 25-уми июл зимни бо таъкиди ин нукта дар нишасти матбуотӣ афзуд, инчунин 450 зан аз оилаҳои камбизоат дар маҷмӯъ бо 2250 сар бузу гусфанд ва хӯроки чорво таъмин гардиданд: “Дар доираи лоиҳа 13 зан аз оилаҳои камбизоат бо 130 оилаи занбӯр ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин шуданд. Ҳадаф беҳбуди зиндагии занҳои танҳо, ки бисёрашон серфарзанд мебошанд”.



Ӯ гуфт, дар пайи ироаи кӯмак фаъолияти минбаъдаи занонро пайгирӣ мекунанд ва дар ҳолати зарурӣ дастгирӣ менамоянд: “Ҳар се моҳ ҳисобот пешниҳод мегардад. Инро на танҳо мо, балки ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ низ назорат мекунад. Мушоҳидаю таҳлилҳо нишон доданд, ки занҳо то ҳол саршумори мурғу чорворо зиёд карда, барои беҳбуди зиндагиашон истифода мебаранд”.

Марҳилаи аввали лоиҳаи рушди чорводорию чарогоҳҳо бо 15 миллион доллари амрикоии Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ дар навоҳии куҳии Темурмалик, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод, Балҷувон ва Ховалинги вилояти Хатлон амалӣ шуда, дар доираи он то ҳол вазъи зиндагии беш аз 23 ҳазор оила беҳтар карда шудааст.
Мӯҳр
Чаноби вазир тули 6-сол мешавад ман барои занбурпарвари аз хисоби вазорати кишоварзи бояд карзи дарозмудат занбур гирам лекин намешавад хамма хучатхо 6 сол мешавад дар Амонатбонк хобидаанд касе бадодам намерасад.барои чи шумо инкадар дуруг мегуед ?бакасе на чорво на мург на занбурдодед. аз хама сохаи беназорат ин вазорати кишоварзист инрохам мислли кормандони фасод бояд тафтишкунанд.

Саид
Врёте у нас украли каров и птици в ети 5 год я небл дома .Никто ни адной кур непамагал.Умар,
Умар,

сода
Акаи Саъди ала бгу чанд кас сохиби фермаи мургу рамаи гуспанд мешава.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)