Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 24 июн 2019, 18:12

Дар Тоҷикистон 100 одами 100-сола нест (ВИДЕО)

27 июл 2017, 14:23

Ба омори расмӣ дар миқёси Тоҷикистон 80 фарди аз 100-cола бештар зиндагӣ мекунад.

Гулнора Ҳасанзода, раиси Агентии омори Тоҷикистон имрӯз, 27 июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз ин 80 нафар 50 зан ва 30 мард мебошанд.

Бар асоси таҳлилҳо соли 2015 теъдоди шаҳрвандони синнашон аз 100-сола боло дар Тоҷикистон ба 306 нафар (109 мард, 197 зан) мерасид.

Дар ҳамин ҳол, Абдувалӣ Қулов, сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омори Тоҷикистон мегӯяд, дарозумрии миёна дар Тоҷикистон 73, 6 сол буда, синни миёнаи мардон 71,8 ва занон 75,6 солро ташкил медиҳад.



Ба иттилои масъулини Агентии омори Тоҷикистон, давоми 25 соли охир мизони таваллуд дар кишвар аз 5,6 ба 3,6 дарсад расидааст. Ба гуфтаи Абдувалӣ Қулов, “айни замон занҳо кам таваллуд мекунанд. Ба ҳисоби миёна занҳо ду кӯдак камтар таваллуд мекунанд”.


Акс аз бойгонӣ


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!