Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 21 апрел 2019, 02:04

Хадамоти зиддинҳисорӣ дар бораи нархи гарони билети ҳавопаймо (ВИДЕО)

27 июл 2017, 17:04

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон яке аз сабабҳои болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоиро ба “афзоиши талабот аз ҷониби муштариён” рабт доданд.

Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ имрӯз, 27 июл дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, зиёд ё кам будани талаботи мусофирон ба билети ҳавопаймоӣ, ба нархи он низ таъсир мерасонад. Ба гуфтаи ӯ, ширкатҳо қабл аз ҳама дарёфти фоидаро ба назар мегиранд ва дар самти хизматрасонии байналмилалӣ мустақилона нархҳоро муайян мекунанд: “Вақте талабот зиёд шуд, нархи билет боло меравад ва онҳо бештар фоида мегиранд. Агар мусофирон кам шуданд, нархи билетҳоро низ поин мебаранд ва ба таври минималӣ фоида мегиранд. Дар тамоми ҷаҳон ҳамин гуна аст, ки вақте барвақтар, маслан як моҳ пештар муроҷиат кунед, билет арзонтар аст, 10 рӯз пештар қиматтар мешавад ва агар ду-се рӯз пеш аз парвоз билет бихаред, албатта боз гаронтар мефурӯшанд”.

Одиназода афзуд, тамоми ширкатҳо сиёсати тарифии худро дар ҷаҳон доранд ва ширкатҳои ватанӣ ҳам ҳамин тартибро риоя мекунанд. Як масъули ширкати ҳавонавардии “Сомон Эйр” ҳам дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, нархномаи чипта ба самтҳо ва муҳлати харидорӣ вобастагӣ дорад: “Агар шаҳрвандон мехоҳанд чиптаи арзон дастрас намоянд, онҳоро лозим аст, пештар, яъне, як моҳ қабл аз рӯзи парвоз муроҷиат намоянд. Агар як ё ду рӯз пеш аз парвоз биоянд, табиист, ки ҷойҳо дар "эконом класс"-ҳо пур шуда, билетҳои гарон дар "бизнес класс" боқӣ мемонад. Ин таҷрибаи ҷаҳонӣ аст”.

Манбаъ афзуд, арзиши парвози хатсайри “Душанбе-Маскав” барои 10-20 август 2560 сомониро ташкил медиҳад.



Дар ҳамин ҳол, Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон дар шарҳи болоравии нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ гуфт, нисбати ин масъала таҳлилҳо мегузаронанд: “Ба қадри имкон таҳлили ҳамин бозорро гузаронида, пешниҳодҳои худро ба ширкатҳои ҳавопаймоӣ барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳо пешниҳодҳод мекунем”.

Қаблан, Ҳукумати Тоҷикистон барои омӯзиш ва поин бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дар кишвар дастур дода буд.

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 26 январи соли равон дар нишасти хабарии пешинааш гуфта буд, ин дастури ҳукумат дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Саъдӣ Қодирзода он замон гуфта буд, мутахассисон ба омӯзиши ҳаққи хизматрасониҳои фурудгоҳӣ машғуланд: “Дар пайи ниҳоӣ шудани омӯзиш иттилои бештар хоҳем дод”.

Ин дар ҳолест, ки ширкатҳои ҳавопаймоӣ далели гарон будани нархи чипта дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳоро ба гаронии сӯзишворӣ ва қимат будани ҳаққи фурудгоҳ рабт медиҳанд. Тобистони соли гузашта Шералӣ Ганҷалзода, собиқ вазири нақлиёти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки ҳукумати кишвар барои муътадил нигоҳ доштани нархи чиптаҳои ҳавопаймо дастур додаст. Ба гуфтаи Ганҷалзода барои ҳалли ин масъала комиссияи байниидоравӣ ташкил шуда, онро омӯхта истодааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нархи чипта бозоргонист маъқул,лекин наход аз таққос ба ҳамсоякишвар наздики ду баробар гарон бошад??!!ҳоло бештари ҳамшаҳриҳоям аз тариқи қирғизҳо ё узбакҳо парвоз мекунанд...гаронтарин нархҳо,..дар умум душвортарин ҳаёт дар мост..
Посух додан
  • шахрванд

  • 27 июл 2017 18:37
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар тамоми чахон ин тавр рафтор намекунанд, факат дар Точикистон ин гуна нарххои баланд мавчуд мебошад. Ин ширкатхои беинсоф ба мардум факат чабр оварда метавонанду халос. Боз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ин ширкатхоро пуштибони мекунад. Ачабо???
Посух додан
  • Раджаб

  • 27 июл 2017 21:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Гапхои хавои мезанд шумо ягон вакт нархи билетхоро паст карда наметавонед. Чунки ин ширкати Сомон Эйр хусуси буда рохбари он одами пуркувват аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Сухани ҳақро дар ватан гуфтан ё эътироз баён кардан мамнуъ аст , ё терористат ном мебаранд ё ифротгар ё душмани миллат.
Ба ҳамин хотир ягона нисбати нарҳои билет ,танҳо Русия метавонад кумак кунад ,ҳаракат кардан даркор ҳамин ширкатҳои ватаниро бо Русия роҳ надиҳанд.
Ҳамааш майлаш вақте билет харидори мекуни мегуянд бе (пересадка) мерави ,модоми дохили ҳавораймо мешавед баъд эълон мекунанд,ки барои сузишвори бо фалон шаҳр фуруд меоем,ба 4 соат мусофиронро қариб 8 ё 9 соат оварда мерасонанд нисбати ин беадолатиҳо мардум хомушанд .
Бо инаш ки ҷавобгар аст ?
Дар ягон кишвари ҷаҳон чунин нест ,мабодо шавад ҳам бо хуроку ё маблағҳои зиёдати ҷуброн мекунанд шабу руз дар фурудгоҳо дар интизори ҳавопаймои тоҷики интизор мешинанд ,ин (бардакро) хотима диҳед (вақте бо ватан бармегардем ҳеҷ гап не ,чунки на кор асту касе бо куҷое шитоб дорад ва ҷои шикоятбариҳам нест ва касе парвоҳам надорад )дар хориҷ мардум бо кор машғуланд ин хелоҳам таъсири бад мерасонад . Аз кор меронанд ва бо ин мушкилиҳо шумо гунаҳкоред ,ва ин яке мушкили ҷидие,ки аз тарафи шумоён руй медиҳад ё эълон кунед пеш аз билетгири парвозро 8 ё 9 соат давом медиҳед ягон роҳи дигареро ёбем бас будагист!
Озодагон илтимос ин хабар хело муҳим аст ,расонед то чорае бинанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муҳтарам муовини аввал. Дар модоме, ки талабот зиёд бошад, чаро "Ямал"-ро ба бозорамон роҳ надодед?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!