Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 17 июн 2019, 21:42

Вазорати молия шаҳрҳои қарздор аз маошро номбар кард

28 июл 2017, 15:18

Муовини аввали вазири молия мегӯяд, 3 шаҳри Тоҷикистон натавонистаанд, музди меҳнати кормандони буҷавиро сари вақт пардохт кунанд.

Ҷамшед Каримзода имрӯз, 28 июл дар нишасти хабарии Вазорати молия гуфт, дар ҳоли ҳозир шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода ва Ҳисор аз кормандони буҷавӣ қарздоранд. Аз ҳама бештар шаҳри Ваҳдат қарздор будааст: “Ба ҳолати якуми июли соли равон шаҳри Ваҳдат 2 миллион сомонӣ қарздор мебошад. Дар ҳоли ҳозир назорат рафта истодааст”.

Бо таъкиди муовини аввали вазири молия то моҳ ба поён нарасад, пардохт нашудани музди меҳнат қарздорӣ ҳисобида намешавад: “Имконияти то охири моҳи дигар пардохт накардани музди меҳнат қарздорӣ не, балки қафомонӣ ҳисоб карда мешавад”.

Дар гузашта бархе омӯзгорони шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат аз нагирифтани ҳақмузди чандмоҳаи худ шикоят карда буданд.

Ҷамшед Каримзода, муовини аввали вазири молия дар нишасти имрӯз дар посух ба суоли “Озодагон”, ки “оё боло бурдани музди меҳнат ва нафақа дар назар аст ё на”, гуфт, дар ин робита қонун қабул шудааст: “Мо ниҳоди иҷроия ҳастем. Дар сурати аз ҷониби ҳукумат қабул шудани қарори дахлдор дар соли 2018 мо онро амалӣ мекунем. Бори охир зиёдшавии музди меҳнат соли 2016 амалӣ гардида буд”.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • мусафед

  • 1 август 2017 08:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар шахри Хисор 6-мох мешавад музди мехнати муалимон пардохт нашудааст ..

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!