Бахшҳо
04 авг 2017 16:13Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Беш аз 45%-и хизматчиёни давлатии Тоҷикистон ҷавонони то 35-солаанд

Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон аз афзоиши ҷавонон дар сафи хизматчиёни давлатӣ хабар дод.

Ҷумъа Давлатов,
раиси ин агентӣ ҷумъаи 4 август зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, аз 19 ҳазору 261 хизматчии давлатӣ 8 ҳазору 770 нафар ё 45,5 дарсадро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад. Ин нишондод дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 389 нафар бештар мебошад.

Бо пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 2017 соли ҷавонон эълон шудааст.

Ба қавли Давлатов, синни миёнаи хизматчии давлатӣ 37,8 солро ташкил медиҳад. Ӯ гуфт, миёни хизматчиёни давлатӣ теъдоди занҳо низ афзудааст: “Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 4 ҳазору 340 нафар ва ё 22,5 фоизашро занҳо ташкил медиҳанд. Ин омор дар муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда 124 нафар зиёд гардидааст”.

Раиси Агентии хизмати давлати қайд намуд, ки дар шашмоҳаи соли равон аз 1360 хизматчии давлатии ба аттестатсия фаро гирифташуда 1154 нафар ба мансаби ишғолнамуда мувофиқ баҳогузорӣ шудааст: “Аз ин ҳайат 34 нафар барои ба мансаби баландтар таъин намудан, 38 тан барои дохил кардан ба захираи кадрҳои роҳбарикунанди хизмати давлатӣ, 42 нафар барои пеш аз мӯҳлат додани рутбаи тахассусии навбатӣ тавсия гирифтаанд”.

Ҷумъа Давлатов иброз дошт, дар пайи гузаронидани аттестатсия 206 хизматчии давлатӣ ба мансаби ишғолнамуда номувофиқ баҳогузорӣ шуд, ки ба 148-тои он барои такмили ихтисос, ба 18 нафар барои ба мансаби пасттар гузаронидан ва ба 40 нафар барои аз мансаб озод намудан тавсия дода шуд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)