Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 26 апрел 2019, 14:48

Рейтинги ҷаҳонӣ: 33 сол зарур, то тоҷик бо маош хона харад

14 август 2017, 12:05

Ширкати австролиёгии Assured Removalists таносуби нархи хона дар кишварҳои ҷаҳонро бо маоши миёнаи сокинонашон раддабандӣ кардааст.

Тибқи ин раддабандӣ хариди хона дар Тоҷикистон бо маош амалан ғайриимкон буда, сокинонаш бояд 33 сол музди миёнаи меҳнатро ҷамъ кунанд, то хонае харанд.

Манбаъ манзил дар Суринам, кишваре дар шимоли Амрикои лотиниро дастрастарин арзёбӣ карда, изҳор доштааст, ки сокинонашон бо сарфаи 22,5 маоши миёна метавонанд, соҳиби хона шаванд. Дар раддабандӣ пайи Суринам, Арабистони Саудӣ-3 сол, Умон ва ҷазираҳои Багам-3,4 сол, ИМА-4,2 сол, Гондурас-4,7 сол, Бруней-4,8 сол, Ямайка-5 сол, Қувайт-5,6 сол ва Қатар бо нишондоди 7,5 сол қарор доранд.

Ба феҳрасти кишварҳое, ки сокинонашон бояд даҳсолаҳо маоши миёнаро ҷамъ кунанд, то хонае харанд, дар баробари Тоҷикистон инчунин Салвадор-36 сол, Чин ва Ветнам-41 сол, Бутану ҷазираҳои Малдив бо нишондоди 51 сол шомил мебошанд.

Аммо ин нишондоди бадтарин набуда, ба иттилои муаллифони гузориш, сокинони ҷазираҳои Соломон, Барбадос ва Папуа-Гвинеяи Нав барои хариди манзили шахсӣ ягон имкон надоранд, зеро барои хариди манзил дар ин кишварҳо лозим аст, ки шаҳрвандон 106, 134 ва 182 сол кор кунанду маошашонро ҷамъ кунанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар арзёбии Тоҷикистон шояд хато карда бошанд, 33 сол не, 330 сол будагист. Ҳамун ҳам, агар нахӯрию напӯшида тин ба тин ҷамъ кунӣ.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!