Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 20 сентябр 2017, 10:45

Баъди "қонуншиканӣ дар тӯй": Президент мансаби Назарзодаро ба Мирализода дод

15 август 2017, 13:32

Сайфиддин Назарзода дар пайи нақзи қонуни танзим ҳангоми баргузории тӯйи писараш аз мақоми директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон барканор шуд.

Дар ин бора ба “Озодагон” аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуданд, ки имрӯз, 15-уми август Абдусалом Мирализода, раҳбари нави Китобхонаи миллӣ таъин шуд. Мирализода то ҳол муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Фармони раисиҷумҳур дар бораи барканории Назарзода ва таъини Мирализода ба мақоми директори Китобхонаи миллӣ дар пайи қазияи марбут ба нақзи қонуни танзими ҷашну маросимҳо содир шуд.

Ахиран тариқи телевизиони давлатӣ Сайфиддин Назарзода дар он айбдор шуд, ки тӯйи Фирдавсро 30 июл дар тарабхонаи "Шоира-Люкс" бо шумори меҳмонони аз меъёр зиёд баргузор намудааст. Худи Назарзода ин даъворо рад карда, онро кори гуруҳе номид, ки қасди доғдор кардани номи ӯро доранд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон 27 апрели соли равон дар ҷаласаи ҳукумат аз риоя нагардидани талаботи “қонуни танзим” аз сӯи мансабдорон изҳори нигаронӣ карда, гуфт, дар бештари маврид вайронкунандаҳои талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, аъзои ҳукумат, вакилони маҷлиси намояндагон ва хизматчиёни давлатӣ, инчунин фарзандону наздикони онҳо мебошанд ва берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд.

Он замон Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, минбаъд дар ҳолати аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, хизматчиёни давлатӣ, фарзандон, пайвандон ва хешовандони наздики онҳо такрор шудани қонунвайронкуниҳо татбиқи ҷазо то аз вазифа озод кардани хизматчиёни давлатӣ ва аз макотиби олӣ хориҷ кардани фарзандони онҳо амалӣ карда мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Китобдор

  • 15 август 2017 14:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ҷои ин мардак ба касе лозим шудааст.
Посух додан
  • Хаким

  • 15 август 2017 14:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин бояд барои дигарон ибрат шавад ва ба зиёдарави рох надиханд.
Посух додан
  • Virkan

  • 15 август 2017 14:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
лубиёву каду.....
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Магар директори китобхонаи миллӣ он қадар мансаби буланд аст, ки аз он барканор шудан ҷоизи афсус бошад? Ҳоло касе китоб намехонад...
Посух додан
  • Хонанда

  • 15 август 2017 14:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Китобхона нав низому одамони худро пайдо карда буд. Афсус!!! Вақте ҷою мақомат харидори доротаре пайдо кард, тӯю танзим мешавад, баҳона. Хай зиқ нашавед, рафиқ Назарзода, агар банданд дареро боз шавад дарҳои дигар.
Посух додан
  • Номдор

  • 15 август 2017 14:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Танзимро риоя накарди С Н диди натичаашро Абдусломако сахт кор ку деканони ДМТ хурсанд шудан аз рафтанат ба фикрам хахаха
Посух додан
  • Довуд

  • 15 август 2017 15:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Китобдор
1. Дурандеш нести. Аз кормандони китобхона рафта пурс, ки хамин Назарзода чи гуна ОДАМ аст ва барои Китобхонаи милли чи манфиат овардааст. Баъд мефахми
2. Президент ба забони худаш ба мансабдорон хитоб карда гуфт, ки "барои вайрон кардани конун аз вазифаатон озод карда мешавед".
3. Аз интихоби Директори нави Китобхона Абдусалом Мирализода хушбин нестам. Мутаасифона. Ин ду нафар аз онхое хисоб мешаванд, ки аз доираи "Рушанфикрон" нестанд. Барои он, ки аз корхои илмиашон на танхо хеч чизе маълум нест, балки интернетро тагуру кунед хеч чиз намеёбед. Озодагон ташаккур барои баён кардани фикр.
Посух додан
  • 589

  • 15 август 2017 15:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Кадами нахуст ба суи демократия.Дар назди конун хама бояд баробар бошад.Агар аз суи макомоти молия сарчашмаи даромади калонгапзанхо галбер карда мешуд боз хам хуб мешуд.
Посух додан
  • Рахгузар

  • 15 август 2017 18:36
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мудири шуъбаи дини Кумсангира хам твт барои вайрон кадани конуни танзим нишон дода бд, аммо як сол меша олям кор кестай ку. Ура ами кормандони раёсати танзим дар як рейдшон хдшон капида бдан барои зиёфати хочигии падарш хато гуфтан парвандаш хам карда бдан. Озодагон як аз кумитаи дин амира пурс ку чи шид
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Иваз кардани Назарзода бо Мирализода иштибохи чидди мебошад, зеро хислатхои касби ва ИНСОНИИ онхо мукоисанашаванда аст.
Посух додан
  • Соиб

  • 16 август 2017 09:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Нав ин сохаро пура омухта буд. Боз инаш се соли дигар роххои китобхонаро меомузад. Неки Назарзода шабу руз дар китобхона буд. Чанде неру дошт сарф кард. Корхои назаррас хам кард
Посух додан
  • Китобдор

  • 16 август 2017 13:13
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба Довуд,
Намедонам кадоме аз Довудҳо ҳастед.
Ман дар китобхона аз рӯзҳои аввал китобдор ҳастам. Омадани ҳар як роҳбари нав барои мо трагедияе ҳаст. То охирин фаррошро аз хону авлоди худашон оварда мемонанд. Дар бораи фисқу фасоди баъзе муовинон ин ҷо сухан намегӯям.
Вақте ки Назарзода омаданд, кор ранги дигар гирифт. Он кас аз саҳар то шаб дар китобхона буданд. Бовар дорам ба ҳар рахи китобдонҳои китобхонаро дасташон расидаву аз рутубату ҳарорати дохили камераҳо то истифодаи чангкашҳо бохабар буданд. Тамоми корро мекарданд, ки дар китобхона низоми хубтари китобдорӣ ва идоравӣ ҷорӣ шавад ва ҳам шуд.
Шарт нест, ки мо ҳама корҳои ин шахси китобдӯсту маърифатпарварро номбар кунем.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!