JICA барои таҳсили хизматчиёни давлатии Тоҷикистон 1,5 миллион доллар медиҳад
Миёни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмиллалӣ (JICA) созишномаи грантие ба маблағи 161 миллион иенаи ҷопонӣ, муодили 1,5 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расидааст.
Тавре аз Сафорати Ҷопон дар Душанбе ба “Озодагон” гуфтанд, ин созишномаи грантӣ дар чорчуби “Лоиҳаи рушди захираҳои инсонӣ” (JDS) имзо шуда ва ҳадафи он “ҳалли масъалаҳои рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути дастгирӣ намудани хизматчиёни ҷавони давлатӣ ва дигар раҳбарон барои дарёфти дараҷаи академии магистрӣ ва докторантура (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар Ҷопон ва ба ин васила мусоидат ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба” гуфта мешавад.
Манбаъ афзуд, лоиҳаи JDS аз ҷониби Агентии хизмати давлатии назди Президенти Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо дафтари Маркази ҳамкориҳои байналмиллалӣ Ҷопон (JICE) амалӣ хоҳад шуд: “Дар чаҳорчубаи лоиҳаи мазкур имконияти таҳсил барои ҳафт нафар хизматчиёни ҷавони давлатӣ дар курсҳои магистрӣ ва 1 хизматчии ҷавони давлатӣ дар докторантура, ки аз моҳи сентябри соли 2018 оғоз меёбанд, фароҳам оварда мешавад. Барномаи рушди захираҳои инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2008 амалӣ мешавад. То кунун 33 нафар стипендиягирандагони ин барнома курсҳои магистриро дар Ҷопон бомуваффақ хатм намуда, алъон барои рушди Тоҷикистон фаъолона кору фаъолият пеш бурда истодаанд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |