Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 21 октябр 2017, 11:50

Президенти Туркманистон дар бораи муқовиматҳои падараш китоб навишт

15 август 2017, 16:35

12 август дар яке аз қисмҳои низомии вазорати корҳои дохилии Туркманистон маросими рӯнамоии китоби нави президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов "Диловарон барои қаҳрамониҳо зода мешаванд" баргузор гардид.

Китоби нави Бердимуҳаммадов ба таърихи вазорати корҳои дохилии он кишвар ва фаъолияти падари президент Мяликгул Бердимуҳаммадов дар он сохтор бахшида шудааст.

Раисҷумҳури Туркманистон менависад, ки масири зиндагии падараш барои вай намунаи ибрат ва сифатҳои волои ахлоқии гузаштагон - мактаби зиндагӣ ҳастанд.

Ин китоби навбатии президенти Туркманистон дар бораи аъзои хонаводааш аст. Вай пештар аз ин китоби "Довлет гушӣ"-ро дар бораи падараш ва "Алем ичре ат гезер"-ро дар бораи падарбузургаш Бердимуҳаммад Аннаев навишта буд.

Президенти Туркманистон, ки сар аз соли 2007 зимоми давлатро дар ихтиёр дорад, муаллифи бештар аз 40 китоб дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла таърих, иқтисод, растаниҳои табобатӣ, анъанаҳои мардуми туркман ва ғайра аст. Танҳо дар соли 2016 вай 7 китоб навишт.

Дар мактабҳои миёнаи Туркманистон аз омӯзгорон талаб мешавад, ки дар дарсҳо аз китобҳои президент иқтибос оранд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Октябр 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!