Бахшҳо
17 авг 2017 15:29Тоҷикистон / Видео

Вазир: Маҳдудияти барқ имсол боз камтар мешавад (ВИДЕО)

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон мегӯяд, бо даст додани имкон имсол маҳдудияти нерӯи барқ дар кишвар дар фасли сармо нисбат ба соли гузашта камтар хоҳад шуд.

Ба гуфтаи Усмоналӣ Усмонзода, вазири энергетика ва захираҳои об, барои коҳиш додани реҷабандии нерӯи барқ бевосита Президент дастур додааст. Усмонзода дар охирин нишасти хабарии ниҳоди зери раҳбариаш таъкид намуд, чунин як дастур ба дигар ниҳодҳои дахлдор низ расидааст: “Мувофиқи дастур имсол мо бояд барои Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1 миллиону 80 тонна ангишт омода намоем, ки ин яе аз корҳои асосӣ барои таъминоти барқ дар зимистони имсола аст”.

Номбурда гуфт, ба тамоми ниҳодҳои дахлдор барои бештар ба хатҳои оби гарм пайваст кардани аҳолии пойтахт супоришҳо ҳаст: “Имкон шавад системаи гармидиҳиро имсол аз миёнаҳои моҳи ноябр ва ё оғози моҳи декабр вобаста ба боду ҳаво ва таъминоти об дар НБО “Норак” фаъол мекунем. Ин маънои онро дорад, ки як моҳ барвақтар таъминоти барқро аз ҳисоби Маркази барқу гармидиҳии Душанбе таъмин намоем ва ин имкон медиҳад, бисёртар барқ истеҳсол намоем ва аҳолии шаҳрро бо барқ ва гармӣ таъмин намоем. Аз ҳисоби ин сарфа мегардад ва онро мо ба деҳоти ҷумҳурӣ равона намуданӣ ҳастем”.

Вазири энергетика ва захираҳои оби кишвар гуфт, соли гузашта дар моҳи октябр агрегати аввали Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2 бо тавоноии 150 мегават ба кор даромад ва агрегати дуввум моҳи декабр фаъол шуд. Усмонзода афзуд, “бо дастури Президент тамоми кушишҳоро ба харҷ медиҳем, то таъминоти барқ дар зимистони 2017-2018 беҳтару хубтар гардад”.

Сокинони манотиқи Тоҷикистон даҳсолаҳост, ки шаш моҳи фасли тирамоҳу зимистон аз камбуди нерӯи барқ дар манозилашон ранҷ мекашанд. Танҳо соли гузашта реҷабандии нерӯи барқ дар кишвар нисбатан коҳиш ёфт. Мақомот мегӯянд, танҳо дар сурати бунёди нерӯгоҳи Роғун лимити нерӯи барқ куллан аз миён бардошта хоҳад шуд.

Мӯҳр
Тамошобини цирк
Шумо магар девона шудаед? Дар берун соли 2017 - 2018 аст.

салимзода
Соли гузашта лимити барк тарих шуд гуфта будед имсол боз аааа шуд ку....

Ангиштҳои шумо ҳамааш аз сангу гил иборат аст. Ба печка як сатил ангишт меандозӣ, пас аз сӯхтан як сатил санг мегирӣ. Ангиштҳои тоҷикӣ бисёр ҳезум мехӯранд. Ангишти олӣ ангишти қирғизӣ аст. На санг дорад, на гил. Аз як сатилаш камтар хокистар мемонад. На дуд дорад, на бӯй. Камбудиаш фақат дар нархаш аст. Хеле гарон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)