Бахшҳо

Э.Раҳмон дар Панҷ: Замини корам ба ҷои зиёд, кам шудааст

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 18 август дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Панҷ нигаронӣ кардааст, ки дар 26 соли соҳибистиқлолӣ замини корами обии ноҳия ба ҷойи афзоиш ёфтан, 3800 гектар кам гардидааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки соли гузашта дар ноҳия ҳамагӣ 18 ҳазор гектар замин кишт шудааст, ки нисбат ба соли 1991-ум 1000 гектар кам мебошад: “Агар соли 1991 дар майдони умумии заминҳои корами обии ноҳия қариб 15 ҳазор гектарро ташкил дода бошад, ҳоло он ба 11 ҳазору 200 гектар баробар шудааст”.

Ба гуфтаи роҳбари давлат соли 2016 дар ноҳия бояд дар майдони 5900 гектар пахта кишт мешуд, вале ҳамагӣ дар майдони 5400 гектар кишт анҷом дода шудааст, ки нисбат ба нақша 500 гектар кам аст: “Тайи ду соли охир 266 гектар замини аз истифода берунмондаи ноҳия ба гардиши кишоварзӣ ворид гардида, ҳолати мелиоративии қариб 500 гектар замин беҳтар карда шудааст. Аммо бо сабаби бемасъулиятӣ ва саҳлангории хоҷагидорон масоҳати чунин заминҳо ба ҷойи кам шудан, баръакс, сол ба сол афзоиш ёфта истодааст”.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, идораи замин ва геодезӣ, роҳбарону мутахассисони вилоят ва ноҳия вазифадоранд, ки доир ба рафъи камбудиву мушкилоти зикршуда, самаранок истифода бурдани замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, тавассути лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ ва бо ҷалби соҳибкорон аз худ намудани заминҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муътадили иншооти обрасонӣ ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои ҷиддӣ ва саривақтӣ андешанд.

Дар идома Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки аз заминҳои ноҳия соле се ҳосил гирифтан мумкин аст: “Вобаста ба ин, мехоҳам ба кишоварзони ноҳия муроҷиат карда, як масъаларо хотиррасон намоям, ки чунин имкониятҳое, ки дар ноҳияи шумо мавҷуданд, яъне оби фаровон, заминҳои васеъ ва шароити мусоиди иқлим дар бисёр ноҳияҳо вуҷуд надоранд”.

Раисиҷумҳур инчунин фаъолияти Муассисаи давлатии хоҷагии зотпарварии «Панҷ», ки дар минтақа хоҷагии асосии зиёд намудани саршумори чорвои хушзот ба шумор меравад, ғайриқаноатбахш хондааст: “Афзоиш додани саршумори чорвои хушзот дар хоҷагиҳои чорводорӣ ва аҳолӣ аз фаъолияти роҳбарону мутахассисони ин муассиса вобастагии калон дорад ва он бояд беҳбуд бахшида шавад”.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)