Ҷонибдории Э.Раҳмон аз ташкили пажуҳишгоҳи нави минтақавӣ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои қарори ҳукумат аз таъсиси Пажуҳишгоҳи нав, ки 10 кишвари минтақаро фаро мегирад, ҳимоят кардааст.
Тибқи қарори ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси пажуҳишгоҳи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC)-ҷонибдорӣ карда, лоиҳаи онро имзо намуд.
Ба иттилои манбаъ ҳадафи пажуҳишгоҳ мусоидат ба густариши ҳамкории кишварҳои минтақа буда, он бояд дар хидматрасонӣ ба кишварҳои узви Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, аз меъёрҳои баробарӣ, адолат ва мувозинат кор гирад.
“СAREC” соли 1997 ташкил шуда, то ҳол 10 кишвари минтақа-Тоҷикистон, Узбакистон, Чин, Афғонистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Муғулистон, Покистон, Туркманистон ва Озарбойҷон шомили он мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |