Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 20 феврал 2018, 12:41

Падар барои калиди мошин писарашро оташ задааст

25 август 2017, 09:03

Як сокини 51-солаи ноҳияи Бағдоди вилояти Фарғонаи Узбакистон ба сару рӯи писари 27-солааш бензин пошида, ӯро оташ задааст.

Бино ба иттилои расонаҳо, баъди ин ҳодиса мард аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад, аммо аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир боздошт мешавад.

Ба гуфтаи шоҳидон, миёни писару падар моҷарои мошин будааст. “Падар мехост ба ҷойе биравад, аммо писар калиди мошинро надод. Падар сари қаҳр ба сару рӯи писараш бензин пошида ӯро оташ задааст”,- гуфтаанд шоҳидон.

Мақомот аз ин мард Қурбоналӣ Фозилов ном бурда, изҳор доштаанд, нисбати вай бо моддаи “Талоши сӯиқасд” парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба иттилои табибон, беш аз 70 дар сади ҷисми писари мард сӯхта ва ҳоло вазъи ӯ вазнин арзёбӣ мешавад.

Моҳи феврали соли гузашта дар шаҳри Бухорои Узбакистон марди 47-солае ба сару рӯи волидонаш сӯзишворӣ пошида, онҳоро оташ зада буд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин чи шурест ки дар даври камар мебинам
хама офок пур аз фитнаву шар мебинам.
духтаронро ҳама ҷанг асту ҷадал бо модар
писаронро ҳама бадхоҳи падар мебинам.
ҳеҷ шавкат на бародар бо бародар дорад.
ҳеҷ раҳме на падарро бо писар мебинам

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!