Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 25 июн 2019, 12:27

Э.Раҳмону Ч.Дэсзян аз ҳамкории парлумонҳои Тоҷикистону Чин дар мубориза алайҳи терроризму экстремизм гуфтаанд

31 август 2017, 14:09

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки бо як сафари давлатӣ дар Пекин қарор дорад, бо Чжан Дэсзян, раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Чин мулоқот кардааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон, ин мулоқот имрӯз, 31 август сурат гирифта, дар ҷараёни он вазъ ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд: “Тавре таъкид гардид, дар давоми солҳои барқароршавии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин ҳарду ҷониб ба натиҷаҳои назаррас шарафёб гардида, сохторҳои зарурии тақвиятдиҳандаи ин ҳамкориҳо таъсис дода шудаанд”.

Манбаъ мегӯяд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз сатҳи муносибатҳои сиёсию байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ карда, нақши парлумонҳои ҳар ду давлатро дар рушду тавсеаи ин муносибатҳо таъкид кардаанд. Дафтари матбуоти раисҷумҳур мегӯяд, барои тақвияти бештари ҳамкориҳои байнипарлумонӣ ҷонибҳо таклифу пешниҳодҳои худро баён доштаанд. Ҳамдастии парлумонҳои ду давлат дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ аз мавзӯъҳое будаанд, ки дар ин мулоқот матраҳ гардидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Давлатбек

  • 31 август 2017 15:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мубориза бо гуруххои ифрогароию терроризм дар хакикат яке аз масьалахои рузмараи кулли башарият ба хисоб меравад. Ва накши Пешвои миллати точик дар ин самт,бахусус, Осиеи миена назаррас ба хисоб меравад. Мулокоти Пешвои точикон бо раиси Мачлиси намояндагони Хитой дар ин масьала шаходати гуфтахост....

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!