Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 24 январ 2019, 10:42

Вазорати мудофиаи Русия: Гулмурод Ҳалимов кушта шуд

8 сентябр 2017, 11:52

Дар пайи ҳамлаҳои ҳавоии неруҳои Русия ба маҳалли террористон “вазири ҷанг”-и ДИИШ Гулмурод Ҳалимов кушта шуд. Дар ин бора “Россия сегодня” бо такя ба Вазорати дифои Русия хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, дар баробари Ҳалимов, се қумондони саҳроии дигари таъсиргузори ДИИШ ва 40 ҷангии қатории ин созмони террористӣ низ маҳв шудаанд. Миёни қумондонҳои кушташуда аз “Абу Муҳаммад Аш-Шимолӣ”, ки масъули молия ва интиқоли ҷангиёни нав ба пойгоҳи тамринотии ДИИШ будааст, ном бурда мешавад. Вазорати дифои Русия гуфтааст, як қатор хадамоти вижаи Аврупо ӯро созмондиҳандаи амалҳои террористии Париж дар ноябри соли 2015 медонанд.

Русия дар ҳоле мегӯяд, Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи пешини "ОМОН"-и Тоҷикистонро маҳв кардааст, ки дар гузашта расонаҳои ғарбӣ борҳо аз кушта шудани ӯ хабар додаанд. Бори охир моҳи апрели соли равон маҷаллаи “Таймс” аз марги Ҳалимовдар шаҳри Мосули Ироқ хабар дода буд. Ин расона бо такя ба манобеаш дар мақомоти низомии Ироқ навишт, ки "вазири ҷанг"-и созмони террористии “ДИИШ” Гулмурод Ҳалимов дар пайи зарбаи ҳавоӣ дар қисмати ғарбии Мосул кушта шуд.

Гулмурод Ҳалимов моҳи апрели соли 2015 дар як навори видеоӣ эълон кард, ба ДИИШ пайвастааст. Он замон ӯ раҳбарии “ОМОН”-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

30 августи соли 2016 Курт Райс, муовини ёвари Котиби давлатӣ оид ба таҳлилу таҳқиқи таҳдидҳои назди дафтари амнияти дипломатии Департаменти давлатии ИМА дар як суҳбати телефонӣ бо хабарнигорон гуфт, Амрико барои маълумот дар бораи маҳалли будубоши Гулмурод ҳалимов 3 миллион доллар ҷоиза медиҳад.

Ба гуфтаи ӯ, Ҳалимов дар ИМА дар чанд давраҳои омӯзишии мубориза бо терроризм омӯзиш дида, як ҷанговари бисёр ҳирфаӣ мебошад ва аз шеваҳои муборизаи Амрико бо гуруҳҳои террористӣ огоҳ аст. Масъули Департаменти давлатии ИМА огоҳии Ҳалимовро аз шеваҳои мубориза алайҳи терроризм хатарнок хонда, илова намуд, “ин метавонад ба нафъи мо набошад”.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!